Рубрики Хабарҳо

Абӯабдурраҳмон Насоӣ

Абӯабдурраҳмони Насоӣ дар замони худ фақеҳтарин машоихи Миср ва хирадмандтарини онҳо ба илми ҳадис ва риҷол (ровиён) буданд.”(Дорақутнӣ)

Имом Абӯабдураҳмон Аҳмад ибни Шуъайб ибни Алии Насоӣ дар соли 214 ё 215-уми  ҳиҷрӣ дар шаҳри Насои сарзамини  Хуросон чашм бар дунёи ҳастӣ кушодааст. Шаҳри Насо дар наздикиҳои шаҳри Марв аст.  Кунияи ӯ Абӯабдурраҳмон, номи аслиаш Аҳмад ва номи падараш Шуъайб буд. Ному насабаш тавассути якчанд пушти авлодӣ ба тариқи зайл аст:  Аҳмад ибни Шуъайб ибни Алӣ ибни Синон ибни Баҳр. 

Аз овони кӯдакӣ, ки ақли расову зеҳни бурро ва тафаккури фарқкунандае аз ҳамсолонаш дошт, волидайнаш дар фарогии улуми замонааш барои Аҳмад мусоидат намуданд. То синни понздаҳ дар зодгоҳаш монду сипас рӯй бар ҳиҷрат намуд, то мулки бештареро қадам занаду аз ҳама ҷиҳат улуми диниву дунявиро фаро бигирад. Вақто дар понздаҳсолагӣ ба шаҳри Бағлон рафт, расо як солу ду моҳ аз донишманди ҳадисшиносе бо номи Кутайба ибни Саид илми ҳадисро омӯхт ва аҳодиси зиёде азбар намуд. Сониян ба шаҳру давлатҳое дуртар аз қабили Шом, Казвин, Кӯфа, Ҷазира,  Басра, Ироқ, Миср, Ҳиҷоз ва ғайра сафарҳои дурудароз анҷом дода, улуми доири аҳодисро бештар азбар намуд. 

Мазҳаби Аҳмад ибни Шуъайбро олимони замонааш аз назари худ ҳар хел муайян намудаанд ва  миёни уламо ихтилофи назар ҳаст. Баъзе уламо, аз ҷумла Валийюллоҳи Деҳлавӣ ӯро дар мазҳаби  Идриси Шофеъӣ буд, мегӯяд.  Анваршоҳи Кашмирӣ бошад, Насоиро дар мазҳаби  Аҳмад ибни Ҳанбал қарор дошт гуфтааст.  Ибни Таймия ӯро на муҷтаҳиди мутлақ ва на муқаллиди холис, балки аз ҷумлаи аҳли ҳадис медонанд. Муҳимаш ин, ки  мусалмон буд. 

Аввал албатта назди устодоне номдору мӯътабар улум фаро гирифт ва дар он ҳолате, ки ба дараҷаи устодӣ расид, шурӯъ кард, то шогирдонеро ҳам тарбияву таълим омӯзонад, чун донишманде бе шогирд мисли дарахти бемева аст. Устодоне, ки дар давоми сафараш наздашон шогирд истода, илми худро такмил дода буд, инҳоянд: Исҳоқ ибни Роҳавайҳ, Ҳишом ибни Аммор, Муҳамад ибни Назр ибни Мусовир, Сувайд ибни Наср, Аҳмад ибни Маниъ, Исҳоқ ибни Шоҳин, Абдурраҳмон ибни Убайдуллоҳи Ҳалабӣ, Абдулмалик ибни Шуъайб ибни Лайс, Алӣ ибни Ҳуҷр, Амр ибни Алии Фаллос, Исо ибни Муҳаммади Рамлӣ, Муҳаммад ибни Абони Балхӣ, Муҳаммад ибни Исмоил ибни Улайя — қозии Димашқ, Муҳаммад ибни Башшор, Муҳамад ибни Абдулмалик ибни Абушшавориб, Муҳаммад ибни Мусанно, Маҳмуд ибни Ғайлон ва дигарон.

Фурсати бештари умри азизи ин олим-муҳаддис дар кишвари Миср гузаштааст, зеро Мисрро бо донишмандоне аз қабили Муҳаммад ибни Исмоил ва Муслим Ибни Ҳаҷҷоҷ муддате чун ватан қарор дода буданд.  Дар бораи Абӯабдураҳмон Насоӣ хеле аз бузургони замонааш, ки ҳамнишину соҳибхирад буданд, дар таснифҳои илмиашон чун шоҳиди чунин як фарди бузург навишторҳое ҳам доранд, масалан: Ҳофиз ибни Тоҳир мефармоянд, ки ман аз Саъд ибни Алии Занҷонӣ дар бораи мартабаи ровие пурсидам. Ӯ он ровиро сиқа муаррифӣ карданд. Ман ба ӯ гуфтам, ки он ровиро Абӯабдурраҳмони Насоӣ заъиф қарор додаанд. Саъд ибни Алӣ фармуданд: «Эй писаракам! Абӯабдурраҳмони Насоӣ дар илми риҷол дорои шарте ҳастанд, ки аз шарти Муҳаммад ибни Исмоил ва Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ шадидтар аст.”

Мисоли дигар, Мансури Фақеҳ ва Абӯҷаъфари Таҳовӣ мефармоянд: «Абӯабдурраҳмони Насоӣ яке аз пешвоёни мусалмонон мебошанд»

Абӯабдуллоҳ ибни Манда мефармоянд: «Касоне, ки ҳадиси саҳеҳро тахриҷ намуда, собитро аз маълул ва хаторо аз дуруст ҷудо намуданд, чор нафар мебошанд: Муҳаммад ибни Исмоил, Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ, Абӯдовуд Сулаймон ибни Ашъас, Абӯабдурраҳмон Аҳмад ибни Шуъайб».

Аз баъди Миср ҳам  сафарҳое бар Шому Рамла дошт, зеро муаррихони замони зиндагии Абӯабдураҳмон Насоӣ макони вафоти ӯро шаҳри Рамла гуфта қайд кардаанд. Масалан дар китоби “Сияру аъломин-нубало” ҷилди 14 саҳифаи 125. Ин олими муҳаддис 88 сол умр дид.  

Нафарони зиёде аз илму дониши Имом Насоӣ баҳра бурдаанд ва ба мақоми шогирдии ӯ шарафёб шудаанд. Аз ҷумла: Абӯбишри Дӯлобӣ, Абӯҷаъфари Таҳовӣ, Абӯалии Нишопурӣ, Ҳамза ибни Муҳаммади Кинонӣ, Абӯҷаъфар Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Исмоили Наҳҳоси Наҳвӣ. Абӯбакр Муҳаммад ибни Аҳмад ибни Ҳаддоди Шофеъӣ, Абдулкарим ибни Абӯабдурраҳмони Насоӣ, Абулқосим Сулаймон ибни Аҳмади Табаронӣ, Муҳаммад ибни Муовия ибни Аҳмари Андалусӣ, Ҳасан ибни Рашиқ ва  Абяз ибни Муҳаммад ибни Абяз аз намоёнтарини онҳо мебошанд. 

Давоми умри дарозу пурбаракати худ, вақтро зое нагузаронида, таснифоти зиёдеро барои ташнагони улуми аҳодису тавҳиду масоили фиқҳӣ мерос гузоштааст. Он осоре, ки то замони мо беосеб омада расидаанд, инҳоянд:    Имлоотул-ҳадисийя, Тасмияту фуқаҳоил-амсор, Тасмияту ман лам ярви анҳу ғайру раҷулин воҳид,  Тафсирул-Қуръонил-карим,   Асмоур-рувот ват-тамйизу байнаҳум, Ал-ҷарҳ ват-таъдил. Ҷузъун мин ҳадисин анин-Набӣ, Ҳадису Қутайба ибни Саид ан Абиавона,  Хасоису Алӣ,  Зикру ман ҳаддаса анҳу Ибну Абиаруба ва лам ясмаъ минҳу, Зикрул-мудаллисин, Ар-рубоъиёту мин китобис-Сунанил-маъсура, Ас-Сунанус-суғро, Ас-Сунанул-кубро,  Шуюхуз-Зуҳрӣ,  Аз-зуъафо вал-матрукин, Ат-табақот, Амалу явмин ва лайла, Фазоилул-Қуръон, Ал-куно, Муснаду ҳадиси Ибни Ҷурайҷ, Муснаду ҳадисиз-Зуҳрӣ, Муснаду ҳадиси Суфёнис-Саврӣ, Муснаду ҳадиси Шуъба ибнил-Ҳаҷҷоҷ, Муснаду ҳадиси Шуъба ва Суфён, Муснаду ҳадисил-Фузайл ибни Аёз, Муснаду ҳадиси Молик ибни Анас, Муснаду ҳадиси Яҳё ибни Саид ал-Қаттон, Муснаду Алӣ ибни Абитолиб, Муснаду Мансур ибни Зозон ал-Воситӣ, Муъҷаму шуюхин-Насоӣ, Маърифатул-ихвати вал-ахавот,  Маносикул-ҳаҷҷ.

«Сунан»-и Насоӣ аз миёни осори Аҳмад ибни Шуъайб машҳуртарин асар ба шумор рафта, аз панҷ ҳазору ҳафтсаду ҳафтоду чор ҳадис иборат мебошад. Муаллиф дар тахриҷи чор ҳазору чорсаду чиҳилу чор ҳадиси он бо муаллифҳои китобҳои саҳеҳи панҷгона шарик буда, дар тахриҷи як ҳазору сесаду сӣ ҳадиси боқимонда танҳо мебошанд. Номи асосии китоби мазкур «Муҷтабо» мебошад, яъне баргузида, зеро аҳодиси онро аз миёни аҳодиси китоби «Ас-Сунанул-кубро» интихоб намуданд.

Соима Саидӣ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *