Омӯзгорону донишҷӯҳо, муҳаққиқон ва олимони тоҷик минбаъд бидуни иҷозаи мақомот ҳақи рафтан ба сафари хидматӣ ва ё таҳсил ба хориҷро надоранд. “Қоида”-ҳои нави вазорати маориф охири моҳи феврали имсол тасвиб шудааст.
Тибқи ин санад, бо гузориши Радиои “Озодӣ”, кормандони дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм, мудирони мактабҳо ва раисони донишгоҳҳо сафари худро ба хориҷа бояд бо ҳукумати Тоҷикистон мувофиқа кунанд. Ин афрод масъуланд, ки 15 рӯз пеш аз рафтан ба берун аз кишвар ҷузъиёти сафари худ, аз ҷумла хулосаи хаттии Вазорати умури хориҷиро пешниҳод кунанд.
“Инчунин, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ бояд сабаби сафари худро асоснок карда, нусхаи матни суханрониашонро бо мақомоти Вазорати маориф мувофиқа намоянд”, — гуфта шудааст дар санад. Бар асоси он, хидматчиёни соҳаи маориф ҳатто барои гирифтани мукофот ва унвони кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ бояд аз Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон иҷоза гирифта, пас аз бозгашт, ба ин ниҳод гузориши хаттӣ нависанд.
Қоидаҳои сафари кормандони соҳаи маориф ба хориҷи кишвар муқаррар кардааст, ки хонандаҳо ва омӯзгорони мактабҳои миёнаву олӣ низ танҳо пас аз гирифтани иҷозаи хаттӣ метавонанд барои иштирок дар чорабинҳо ба хориҷа бираванд.
Барои идомаи таҳсил дар хориҷа ба хонандагон ва муҳаққиқон низ зарур аст, ки ба мақомоти маориф маълумотнома пешниҳод кунанд. Агар ин сафар беш як солро дарбар гирад, дар он сурат қарори Шӯрои олимони муассисаи таълимӣ бояд гирифта шавад.
Бар асоси дастури нав, кормандони соҳаи маориф ва муҳассилину омӯзгороне, ки дар сафарҳои қаблии худ ба хориҷ рафтори ношоиста кардаанд ваё гирифтори беморӣ мебошанд, ба сафарҳо пешниҳод намешаванд.
Мақомоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳадаф аз таҳияи дастури нав ба танзим даровардани сафари донишомӯзон ва муҳаққиқон ба хориҷи кишвар аст