Рубрики Хабарҳо

Оҷил! Сӯиқасд ба ҷони Илҳомҷон Ёқубов дар Литва

Соате пеш ба ҷони раиси Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Аврупо (АМОМА) Илҳомҷон Ёқубов сӯиқасд сурат гирифтааст. Ёқубов аз он ҷон ба саломат бурда, ҳоло дар беморхона қарор дорад.

Ҳамла баъди намози бомдод дар шаҳри Каунуси Литва, ки раҳбари АМОМА онҷо зиндагӣ мекунад, ба вуқӯъ пайваста, яке аз ҳамлагарон боздошт шудааст.

Дар натиҷаи ҳамла тибқи иттилоъи пешакии табибон, бинӣ ва як қабурғаи Ёқубов шикаста ва зарбаи мағзӣ бардоштааст. 

Тибқи гуфтаи худи Ёқубов, ки бо Паём тамос гирифт ҳамлагарон ду нафар тоҷик ва сокинони шаҳри Хуҷанд будаанд. Яке аз онҳо аз шиносҳои қаблии худи Илҳомҷон Ёқубов буда, аммо ӯ натавонист номашро ба хотир орад. 

Ин шиносаш бо баҳонае Ёқубовро ба мошин даъват мекунад ва баъди ҳаракати мошин нафари дар паҳлуяш нишаста ба ӯ ҳамла мекунад. Ба раҳбари АМОМА муяссар мешавад бо чанд зарбаи ҷавобӣ ҳамлагарро мунсариф созад ва худашро аз мошин берун партояд.

Ба гуфтаи ӯ ҳарду ҳамлагарон ҳам варзишгарони касбӣ будаанд. 

Дар натиҷа сари ӯ ба замин хӯрда, зарбаи мағзӣ мебардорад.

Баъди аз мошин партофтан, ҳамлагонро таваққуф карда, дукаса ба латукӯби ӯ идома медиҳанд. Занги яке аз шоҳидони ҳодиса ба пулис боиси фирори ҳамлагарон мешавад ва  ҷони Ёқубовро наҷот медиҳад.

Баъди соате пулис яке аз ҳамлагаронро боздошт кардааст. 

Гуфтанист Илҳомҷон Ёқубов устоди варзиш дар муштзанӣ ва қаҳрамони собиқи Осиёи Марказӣ мебошад.

Ҳоло ӯ дар беморхона қарор дорад.

Гуфтанист, Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Аврупо яке аз саҳор созмони узви Паймони миллии Тоҷикистон мебошад.

Тафсилоти бештар ба зудӣ нашр мешавад. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *