Рубрики Хабарҳо

Умрон Хон ба қатли вакил муттаҳам шуд

Фарзанди Абдурразоқ Шар, вакиле, ки рӯз сешанбе дар Кветта террор шуд, сарвазири собиқ Покистонро ба қатли падараш муттаҳам кард. 

Сироҷ Аҳмад пас аз сабти шикояти расмӣ дар идораи пулис, дар баёнияе гуфт, ки падараш пас аз дархости муҳокимаи Умрон Хон ба ҷурми хиёнати миллӣ кушта шуд. 

Ӯ афзуд: “бо итминон метавонам бигӯям, ки ба ин далел ӯ ва афроди Ҳизби Таҳрики Инсоф падарамро куштанд то дар дили дигарон ваҳшат бияндозанд.” 

Умрон Хон иттиҳоми қатли ин вакили аршади Додгоҳи Олиро “аҳмақона” хонд. 

Сироҷ Аҳмад гуфт, ки падараш пас аз сабти шикоят алайҳи нахуствазири собиқ таҳдидҳои ҷонӣ дарёфт карда буд. 

Абдурразоқ Шар моҳи гузашта шикояте алайҳи Умрон Хон ба Додгоҳи Олии иёлати Балучистон таслим кард. Ў гуфт, ки Умрон Хон бояд ба хотири иқдом барои парокандасозии парлумони Покистон, ба ҷурми хиёнати миллӣ муҳокима шавад. 

Шар истидлол кард, ки Умрон Хон бо ин кор мехост ҷилави раъйи адами эътимод ва канор заданаш аз мақоми нахуствазириро бигирад. 

Умрон Хон рӯз чаҳоршанбе бо нашри як видео иттиҳоми қатлро хандаовар хонд ва гуфт, ки ҳанӯз ба таври расмӣ аз муттаҳам шудан дар ин “парвандаи аҳмақона” иттилоъ наёфтааст. 

Бо ин, ки пулис ҳанӯз ҳеҷ касеро дар иртибот ба парвандаи ин вакили покистонӣ дастгир накардааст, аммо террори ӯ баҳонаи интиқомгирии сиёсӣ шудааст. 

Атовулло Таррор, дастёри Шаҳбоз Шариф нахуствазири Покистон, рӯзи сешанбе дар як конфронси хабарӣ, Умрон Хонро муттаҳам кард, ки дар пушти тарҳи террори Абдурразоқ Шар қарор дорад. 

Дар вокуниш, Рауф Ҳасан, яке аз мақомоти Ҳизби Таҳрики Инсоф бо судури баёнияе гуфт, ки Шаҳбоз Шариф ва Роно Саноуллоҳ, вазири дохилаи Покистон дар ин қатл даст доранд. 

Қатли вакили додгоҳ яке аз 100 парвандае аст, ки алайҳи Умрон Хон дар чанд моҳи гузашта ташкил шудааст. Ў артиш ва ҳукуматро муттаҳам карда, ки барои зиндонӣ шудани ӯ ва аз байн бурдани Ҳизби Таҳрики Инсоф талош доранд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *