Рубрики Хабарҳо

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Қазоқистон  дидор ва мулоқот мекунанд

Аз дафтари матбуотии президенти Қазоқистон хабар додаанд, ки сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин кишвар дидор ва мулоқот хоҳанд кард. Тавре Айдос Укибой, котиби дафтари матбуотии президенти Қазоқистон хабар додааст, ин мулоқот рӯзи 15 март баргузор хоҳад шуд.

«Рӯзи понздаҳуми март раисҷумҳури Қазоқистон президентҳои ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ- Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистонро ба ҳузур мепазирад»,- гуфтааст Укибой.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар ин мулоқот рӯзи 14 март ба Қазоқистон сафар хоҳад кард.

Бино ба манбаъ, тибқи нақша, Туркманистонро дар ин вохӯрӣ, раиси маҷлиси ин кишвар хонум Нурбердиева намояндагӣ мекунад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *