Рубрики Хабарҳо

Дар Душанбе ҷаласаи ҳукумат ҷараён дорад

Дар Душанбе бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҷаласаи васеъи ҳукумат ҷараён дорад. Дар ҷаласа кори яксолаи ҳукумат натиҷагирӣ ва ҳам нақшаву барномаҳо барои соли 2021 баррасӣ мегарданд. 

«Азия-Плюс» бо истинод ба манбаъаш хабар медиҳад, ки дар ҷаласа ҳисоботи Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар дар соли гузашта шунида шудааст. 

Эҳтимол тағийроти кадрӣ низ вуҷуд дорад. Дар ҷаласа раҳбарони ҳамаи шарҳу ноҳияҳо, вазорату ниҳодҳои давлатӣ, сарварони донишгоҳҳову бонкҳои кишвар иштирок мекунанд. 

Ҷаласа як рӯз пас аз паёми ҳарсолаи раисиҷумҳури Тоҷикистон доир мегардад. Раҳмон рӯзи 26-уми январ аз кори яксолаи ҳукумат натиҷагирӣ кард ва мисли ҳамеша аз пешравиҳо гуфту иқтисоди кишварро бо соли 1991 муқоиса кард.  

Аксари кулли “факту рақамҳо”-е, ки раисҷумҳур ироа кард ғайриматиқӣ ва суолбарангез буданд. “Паём” дирӯз баъди нашри онҳо и Эмомалӣ Раҳмон ба вакилонро омода ва нашр кард. Суолҳои дигар низ ба зудӣ нашр хоҳанд шуд. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *