“Ман мисли уқоби баландпарвоз ҳастам, ки ин олами васеъро барои парвозаш хеле танг меҳисобад! Аз ҳолати шумо дар таъаҷҷубам, зеро мехоҳед, ки маро дар ин қафаси танг ҳабс бикунед!”
Муҳаммад Ҷамолиддин писари эшони Сафдар соли 1254-и ҳиҷрӣ, мутобиқ ба 1838-и мелодӣ дар деҳаи Асъадобод, ки тобеи пойтахти имрӯзаи Афғонистон, Кобул мебошад, ба дунё омадааст.
Насаби вай ба Умар писари Алӣ Зайнулобидин писари Ҳусайн писари Алӣ писари Абӯтолиб (р) мерасад. Номбурда аз сабаби мансубият ба Афғонистон бо номи Ҷамолиддини афғонӣ маъруф мебошад.
Вай аз синни ҳаштсолагӣ ҳамроҳи падараш, ки дар яке аз мадрасаҳои Кобул дарс медод, ба мадраса мерафт ва заковату ҳушёрии Ҷамолиддин атрофиёнро ба ҳайрат оварда буд. Падараш ҳамеша ӯро ба хондан ташвиқ карда ва мегуфт: “Ҷамолиддин! Вақти хонданат фаро расидааст!”
Ҷамолиддини афғонӣ баъд аз тавсияи падараш дар хонаашон шурӯъ ба хондан намуд ва то синни даҳсолагӣ Қуръони каримро аз худ кард. Ӯ барои омӯзиши забони арабӣ аз худ талоши зиёд нишон медод ва эҳсос мегашт, ки вай барои муноқишаи илмӣ дар масоили динӣ завқи зиёд дорад.
Ҷамолиддин фанҳои забон, адабиёт, таърих, фалсафа ва шариатро аз худ мекард. Инчунин ба сафар кардан рағбати хеле зиёд дошт.
Соли 1848-и мелодӣ падараш ӯро ба мадрасаи Қазвин, ки худаш ҳам онҷо дарс медод, дохил намуд ва Ҷамолиддини афғонӣ дар ин мадраса ду сол таҳсили илм кард.
Дар ин муддат андак-андак маълум гардид, ки Ҷамолиддин барои фаро гирифтани ҳама гуна фан ҳаваси фавқулодда дорад. Вай гоҳо болои манзили зист баромада, ба ситораҳои осмон нигоҳ мекард ва мехост илми ситорашиносиро аз худ бикунад.
Вақте дар Қазвин бемории вабо паҳн гардид, Ҷамолиддин кӯшиш кард, то ҷасади касонеро, ки аз ин беморӣ вафот кардаанд, мавриди омӯзиш қарор бидиҳад, сабабҳо ва сирри пайдоиши онро биомӯзад. Падараш аз ин қасди фарзанди худ хавф бурд, ки мабодо бемории вабо ба ӯ ҳам сироят накунад. Бо ҳамин сабаб аввалҳои соли 1849-и мелодӣ ӯро ҳамроҳи худ ба Теҳрон овард.
Ҷамолиддин дар Теҳрон унвони донишмандтарин шахс дар минтақаро ҷустуҷӯй кард ва ба вай роҳи маҷлиси илмии Оқо Содиқро роҳнамоӣ карданд. Вақте Ҷамолиддини афғонӣ ба маҷлиси ин донишманд, вай барои шогирдонаш яке аз масоили илмиро шарҳу тавзеҳ медод. Ҷамолиддин мулоҳиза намуд, ки устод масъаларо барои шогирдонаш хеле мухтасар шарҳ дода истодааст, вай аз устод хоҳиш кард, ки масъалаи мавриди баҳсро боз ҳам васеътар шарҳ бидиҳад. Он донишманд аз ин ҷуръат меҳмони навомада дар ҳайрат монда, каме нороҳат шуд, вале Ҷамолиддин таъкидан гуфт, ки илмомӯзӣ ҷойи “нахуди пеши қошуқ” шуданро надорад. Худаш шахсан он масъаларо хонд ва хеле шарҳи муфассал ва комилеро ҳам барои донишомӯзон арза кард. Бо дидани ин ҳолат устод аз ҷойи худ каме ба ҳаракат даромада ва ба назди Муҳаммад Ҷамолиддин омад, ӯро ба оғӯш гирифта, аз пешониаш бӯсид. Сипас устод касеро ба назди падараш фиристод, то ӯро ба назди худ даъват кунад. Вақте падари Ҷамолиддини афғонӣ ба назди он донишманд омад, аз вай хоҳиш кард, то барои писараш ҷома ва саллае (ин навъи либосро он замон танҳо аҳли донишу фазл мепӯшиданд) бихарад. Баъд аз овардани ҷомаву салла, шахсан худи он донишманди теҳронӣ салларо ба сари Муҳаммад Ҷамолиддин гузошт ва ҷомаро ҳам ба танаш пӯшонид.
Баъд аз ин Ҷамолиддини афғонӣ бо падараш худи ҳамон сол Теҳронро тарк карда, ба шаҳри Наҷаф дар Ироқ сафар намуд ва дар муддати чор сол, ки дар Наҷаф ба сар бурд, аз донишмандони ин шаҳр улуми тафсир, ҳадис, фалсафа, мантиқ, илми калом, усули фиқҳ, ҳамчунин улуми дунявӣ-математика, анатомия, тиб ва ғайра-ро аз худ намуд.
Дар синни ҳаждаҳсолагӣ ба Ҳиндустон сафар кард ва дар муддати як солу чанд моҳе, ки онҷо истиқомат намуд, машғули таҳсили илми риёзиёт гардид. Вай соли 1857-и мелодӣ ба сафари ҳаҷ баромад ва баъд аз адои фаризаи зиёрати хонаи Худо бори дигар ба ватанаш, Афғонистон баргашта, дар ҳукумат ба кор даромад. Ҷамолиддин он рӯзҳо 27 сол умр дошт ва оҳиста-оҳиста дар даврони подшоҳии малик Муҳаммад Аъзам ба мансаби сарвазирӣ расид. Малик Муҳаммад Аъзам ҳамеша аз тарафи Ҷамолиддини афғонӣ дастгирӣ меёфт, вале дере нагузашта маликро аз мансаби подшоҳӣ барканор намуданд ва бародараш Шералӣ дар ҷойи вай ба маснади шоҳигарӣ нишаст.
Баъд аз ин ҳаводис Муҳаммад Ҷамолиддини афғонӣ дар бораи худаш фикр кард ва ба хулосае омад, ки бояд ватанашро тарк гӯяд. Ҳамин буд, ки вай соли 1868-и мелодӣ дубора ба Ҳиндустон сафар намуд ва мардум ӯро дар ин кишвар хеле истиқболи гарм гирифтанд. Аммо ҳукумати Ҳиндустон аз вуҷуди вай дар кишвар хавф бурд ва ба Афғонӣ дастур дод, ки дар ин кишвар зиёд наистад ва бо аҳли дониши минтақа якҷо ҷамъ нашавад, зеро ҳукумати вақт аз он хавф дошт, ки шояд суханони Ҷамолиддини афғонӣ боиси инқилоби мардумӣ дар кишвар мегардад. Ба ҳамин сабаб ӯро маҷбур намуд, то ҳарчи зудтар Ҳиндустонро тарк намояд. Ҷамолиддини афғонӣ пеш аз ин ки аз Ҳиндустон берун шавад, хитоб ба мардуми ин кишвар гуфт: “Агар ба таври мисол Аллоҳ таоло шуморо ба сангпушт табдил бидиҳад ва тариқи баҳр гузашта, Британияи кабирро иҳота кунед, ҳатман онро ба қаъри замин фурӯ мебаред ва дар ҳоле ба ватанатон бармегардед, ки аз банди асорати онҳо озод гаштаед, зеро шумораи шумо андак нест, шумо миллионҳо нафар ҳастед!”
Вақте Афғонӣ сухани худро ба анҷом расонид, атрофиёнаш аз таъсири суханони вай ба гиря шурӯъ карданд. Ҷамолиддини афғонӣ ин ҳолатро дида, бо садои баланд фарёд зад: “Эй мардум! Фаромӯш накунед, ки гиря вазифаи занон аст. Миллате, ки дар роҳи озодӣ маргро бо лаби хандон пешвоз намегиранд, ҳаргиз зинда мондан наметавонанд.”
Ҷамолиддини афғонӣ баъд аз ин ки дар Ҳиндустон як моҳи пурра истод, соли 1869-и мелодӣ ба самти Миср раҳсипор гардид ва онҷо ҳам чандон зиёд истиқомат накард. Дар маҷмӯъ вай чил рӯз дар Миср боқӣ монд. Афғонӣ дар ин муддат ба донишгоҳи ҷаҳонии Азҳари шариф рафта, бо аҳли илму фазли онҷо дидорбинӣ намуд ва аз ҳар гӯша донишомӯзон барои талаби илм ба наздаш меомаданд. Афғонӣ дар андак муддат шӯҳрати хеле зиёд пайдо кард ва дар миёни донишмандони мисрӣ соҳиби мақоми олӣ гардид. Ҳамин буд, ки овозаи вай ба Дору-л-хилофати Усмонӣ расид ва султон Абдулазизи усмонӣ ӯро ба зиёрати Маркази Хилофат, ки он замон дар шаҳри Истанбули Туркия буд, даъват намуд. Афғонӣ ҳам даъвати Султон Абдулазизро рад накард. Вақте Ҷамолиддини афғонӣ ба шаҳри Истанбул расид, Султон ӯро бо шукӯҳу шаҳомати хос истиқбол гирифт ва ҳама аркони давлат — донишмандон, адибон, чеҳраҳои барҷаста ӯро мавриди эҳтироми хоси худ қарор доданд.
Шаш моҳ ногузашта, Султон ӯро узви Маҷлиси Маориф таъйин кард ва баъд аз муддате душманонаш қасди шарманда сохтан ва рехтани оби рӯйи ӯро карданд. Чунин ранг гирифтани кор боиси он гардид, ки Ҷамолиддини афғонӣ Истанбулро тарк намуда, соли 1871 дубора ба Миср рахти сафар баст, дар ҳоле, ки идораи давлат дар дасти Амир Исмоил ибни Иброҳимпошо ибни Муҳаммадалипошо қарор дошт (тав: 1830, ваф: 1895. Номбурда ҳокими панҷуми Миср аз оилаи Алавиҳо ба ҳисоб меравад, ки аз соли 1863 то соли 1879 аморати Мисрро ба ӯҳда дошт).
Афғонӣ ин маротиба вазъи Мисрро тамоман дигаргун дид. Вай шоҳиди ҷавру ситами ҳокимон гардид, мушоҳида намуд, ки низоми давлатдорӣ ба як системаи диктаторӣ табдил ёфтааст ва ҳарчи дили амир ё шоҳ бихоҳад, ҳамон мешавад, аслан хостаҳои мардум заррае ҳам иҷро намешавад. Ғайр аз ин дар ҳамаҷо хурофотҳо мунташир гашта буд.
Афғонӣ баъди мушоҳидаи ин вазъ аҳди қаблиро, ки бояд барои Ислом хидмат бикунад, ба хотир овард ва ба даъвати мардум ба сӯйи Исломи ҳақиқӣ оғоз кард, мардумро аз ҳақиқати дин огоҳ мекард ва онҳоро ба ҳуқуқи шахсӣ ошно месохт. Вай ҳамеша таъкид мекард, ки миллат сарчашмаи ҳама гуна нерӯ ва қувват мебошад ва ин ҷумлаҳоро такрор мекард: “Аз хоби ғафлат бедор шавед! Аз хоби гарон бархезед! Хоку чанги “холабеғамӣ”-ро аз худ пок намоед! Қалби ҳокимони диктатор ва худхоҳро бишкофед, ҳамон тавре заминро барои коштани дона сӯрох мекунед. Шумо ҳам ҳақ доред, ки мисли дигар миллатҳои рӯйи замин озодона, сарбаландона ва хушбахтона умр ба сар баред ва ҳамчунин бо шаҳодат дар роҳи Аллоҳ таоло бимиред!”
Вақте Афғонӣ ҳолати деҳқонҳоро медид, ки чӣ қадар мавриди зулм қарор гирифтаанд ва ҳукумат болои сарашон он қадар боҷу хироҷ (андози замин) бор кардааст, ки аз ӯҳдаи пардохти он намебароянд, бо ҷуръати ба худ хос фарёд мезад: “Эй деҳқон! Эй он касе, ки заминро барои ба даст овардани ризқу рӯзиат сӯрох мекунӣ! Чаро бо ин ҳама қудратат қалби золиматро сӯрох намекунӣ?!?! Чаро қалби касонеро сӯрох намекунӣ, ки самараи ранҷи туро мехӯранд?!?!”
Баъд аз ин талошҳои ислоҳотхоҳона душманони дохилӣ ва ишғолгарони инглис алайҳи Афғонӣ дасисаҳо сохтанд ва ӯро дар назди Амир бадном карданд. Бо фармони Амир Ҷамолиддини афғонӣ ба Ҳиндустон бадарға гашт. Вай дар Ҳиндустон се сол боқӣ монда ва сипас ба кишварҳои Аврупо, аввал ба Лондон ва баъд ба Париж, пойтахти Фаронса сафар намуд. Дар ҳамин Аврупо шогирдаш, Муҳаммад Абдуҳро ба назди худ даъват кард ва ҳарду якҷоя маҷаллаи “Ал-урвату-л-вусқо”-ро таъсис доданд. Онҳо тариқи нашри мақолаҳо дар маҷаллаи мазкур мусалмононро ба якпорчагӣ ва ваҳдат даъват мекарданд. Ҳатто онҳо Ҷабҳаи ҷаҳонии исломиеро бо номи “Умму-л-қуро” таъсис доданд.
Ҷамолиддини Афғонӣ аз имконоти мавҷудаи худ истифода бурда, ҳамеша алайҳи дахолати кишварҳои Аврупо ба масоили дохилии олами исломӣ мубориза мебурд. Ҳамеша вай миёни Лондон ва Париж рафту омад мекард ва пайваста бо донишмандон, адибон, сиёсатмадорон дар ҳолати тамос буд, то ин ки шоҳ Носируддин Афғониро ба Эрон даъват намуд.
Ҷамолиддини афғонӣ 16-уми Шаъбони соли 1303-и ҳиҷрӣ, мутобиқ ба 20-уми Майи соли 1886-и мелодӣ ба Эрон сафар кард ва шоҳи Эрон Носируддин ӯро бо шаҳомати хос пешвоз гирифта, мушовири махсуси худ оид ба идораи умури дохилии кишвар таъйин намуд. Тамоми мардуми Эрон атрофи Муҳаммад Ҷамолиддин ҳалқа заданд, зеро онҳо ӯро ҳамчун як донишманди забардаст дар риштаҳои гуногун, аз ҷумла сиёсатшиносӣ ва донишҳои муосир пайдо карданд.
Муҳаббати мардум ба Афғонӣ то ҷое омада расид, ки боиси рашки Шоҳ Носируддин гардид ва Шоҳ аз вай эҳсоси хатар кард. Сайид Ҷамолиддини афғонӣ вақте ин ҳолати Шоҳро эҳсос намуд, аз вай иҷозаи сафар гирифт. Бо ҳамин Афғонӣ аз Эрон ба Русия сафар намуда, чор сол онҷо истиқомат кард. Сайиди афғонӣ дар ин муддат бо Қайсари Русия, ки аслан мулоқот бо Ҷамолиддини афғониро дӯст намедошт, зеро вай ҳамеша алайҳи подшоҳон ва қайсарҳои худхоҳ мубориза мебурд, вохӯрӣ намуд. Дар охир Қайсари Русия аз зердастонаш дархост намуд, то Сайид Ҷамолиддинро аз кишвар берун кунанд. Баъд аз ин Афғонӣ Русияро тарк намуд ва дар кишварҳои Аврупо гаштугузор мекард. Баъд аз зиёрати Париж, Сайид Ҷамолиддин ба шаҳри Мюнхен, воқеъ дар қисмати ҷанубии Германия рафт ва дар онҷо бо шоҳи Эрон Носириддин мулоқот намуд. Шоҳ Сайидро дубора ба Эрон даъват намуд. Такя ба даъвати Шоҳи Эрон Сайиди Афғонӣ соли 1889 ба Эрон омад, то роҳи боқимондаи худро дар иҷрои масъулияти амри маъруф ва наҳйи мункар идома бидиҳад. Вале таърих дубора такрор гашт ва шоҳ Носириддин аз нав бар вай хашм гирифт ва ин маротиба ӯро ба таври хеле зишт аз Эрон берун кард.
Сайид Ҷамолиддини афғонӣ соли 1892 бори дигар ба Лондон сафар кард ва аз онҷо истода, низоми шоҳигарии Эронро зери тозиёнаи танқид қарор дод.
Султон Абдулҳамид ба назди Сайид шахсеро фиристод, ва ӯро ба Маркази Хилофат дар Истанбул даъват кард. Дар асоси ҳамин даъватнома вай тақрибан солҳои 1893-и мелодӣ ба Истанбул сафар намуд ва Султон ӯро бо икрому иззати махсус пешвоз гирифт. Дере нагузашта суханчинони Дору-л-хилофат алоқаи миёни Султон Абдулҳамид ва Сайид Ҷамолиддинро вайрон намуданд.
Дар ҳақиқат, Ҷамолиддини афғонӣ тамоми ҳаёти худро барои хидмат ба Ислом, бедории мусалмонон, ваҳдату якпорчагӣ ва барҳам додани монеаҳои ваҳдат сарф кард.
Вай аз ҷумлаи аввалин мусалмонони огоҳе буд, ки аз ишғолгарии Аврупо дар кишварҳои исломӣ ва мусибатҳое, ки минбаъд дар ҳоли чунин идома ёфтани вазъ аз ин ғарбгароӣ ҳатман болои мусалмонон меояд, эҳсоси хатар намуд. Аз ин сабаб Ҷамолиддин ҳеҷ гоҳ аз гуфтани суханоне, ки ақлро нуронӣ, ақидаро пок намуда ва мусалмононро бо як қатор ҳуқуқ ва масъулиятҳо ошно месохт, хаста ва дилсард намегардид. Ба ин муносибат доим ин ҷумлаи машҳури худро такрор мекард: “Шарқ-Шарқ… Ман системаи димоғи худро барои ташхиси бемории шарқиён (кишварҳои исломӣ) хос гардонидаам.”
Аз вай чандин асарҳо, аз ҷумла “Татиммату-л-баён фи торихи-л-афғон”, “Аррадду ала-д-даҳрийин”, “Алқазоу ва-л-қадар” боқӣ мондааст.
Ҷамолиддини афғонӣ дар шаҳри Истанбул ба бемории саратони бинӣ гирифтор гардид ва дар ҳол ҷарроҳӣ намуд, вале мутаассифона, ин ҷарроҳӣ ба хубӣ наанҷомид. Баъд аз чанд рӯз, аниқтараш субҳдами рӯзи сешанбе, 9-уми Марти соли 1897-и мелодӣ аз дорулфано ба дорулбақо реҳлат намуд. Мақбарааш дар Туркия боқӣ монд, то ин ки соли 1944-и мелодӣ қабри ӯро ба Афғонистон интиқол доданд.