Рубрики Хабарҳо

52 нафар дар сӯхтори як мусофирбар ҷон доданд (Навор)

Дар вилояти Оқтеппаи Қазоқистон дар натиҷаи сӯхтори баамаломада дар як мусофирбар, 52 нафар ҷон бохтанд.

Тибқи иттилои агентии сӯхтори мусофирбари “Икарус” дар шоҳроҳи Самара — Чимкент дар ноҳияи Иргизи вилояти Оқтеппа соати 10:30 бо вақти маҳаллӣ ба вуқӯъ пайваст.

“Дар мусофирбар 55 мусофир ва 2 ронанда ҳузур доштанд. Шаҳрвандии онҳо таҳқиқ мешавад” — гуфтааст намояндаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулъодаи ВКД Қазоқистон Руслан Имонқулов.

Дертар агентии “Казинформ” хабар дод, ки ҳамаи ҷонбохтагон шаҳрвандони Ӯзбекситонанд. Дар ин Сӯхтор 52 нафар зинда ба зинда сӯхта, 57 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Ба 5 нафар муяссар шудааст, ки худро аз мусофирбар берун кашанд.  

Ба ҷои ҳодиса кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулъодар дар ноҳияи Иргиз ва табибону равоншиносон фиристода шудаанд.

Тибқи иттилои баъзе расонаҳо, сӯхтор гӯё амдан ташкил шудааст. Вале ҳанӯз мақомоти Қазоқистон ин хабарро тасдиқ накарданд.  

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *