Ҳунарманди шинохтаи Голливуд, хонум Натали Портман гуфтааст, ки ҷоизаи ифтихориро аз режими саҳюнистӣ намепазирад ва барои гирифтани ин ҷоиза ба Исроил сафар нахоҳад кард.
Тавре хабаргузории Евронюз иттилоъ додааст, Натали Портман бо изҳори мухолифат ба режими Исроили ишғолгар, даъват ба маросими қабули Ҷоизаи Генсисро, ки бештар ба он ҳунармандони яҳудӣ сарфароз мешаванд, рад кардааст.
Тибқи маълумотҳо аз расонаҳои ҷаҳонӣ, қарор буд, ки ин ҷоиза моҳи ноябри соли ҷорӣ ба Натали Портман дар Исроил аз ҷониби Бинёмин Натанёҳу, сарвазири ин кишвари ишғолгар эҳдо мешуд, вале ба мухолифати ҷиддии Портман рӯ ба рӯ шуд ва ӯ таъкид кард, ки дар ин маросим ба ҳеҷ ваҷҳ иштирок нахоҳад кард.
Натали Портман, ки яҳудӣ ва зодаи Байтулмуқаддас мебошад, то кунун борҳо мухолифати ошкори худро бо Бинёмин Нетанёҳу иброз кардааст.
Ҷунбиши бойкоти ҳунармандони Исроил чандест, ки матраҳ шудааст ва бар асоси он бисёре аз ҳунармандони ин кишвар бо ҳимоят аз мардуми Фаластин ва эътироз ба рафтори режими саҳюнистӣ, аз сафар ба ин сарзамин ва ҳузур дар барномаҳои фарҳангӣ ва ҳунарии он худдорӣ мекунанд.