Рубрики Хабарҳо

Қурби асъор ва қимати нафту тилло барои имрӯз

Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард.

Қурби рубли русӣ, пас аз коҳиши кутоҳмуддат тайи як ҳафта аст, ки мавқеи устуворро касб карда, аммо вазъи доллар рӯ ба поинравӣ дорад

Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши пули русӣ дар бозори арзи кишвар каме боло рафта, ҳоло 100 рубл 16 сомониву 30 дирам арзиш дорад.

Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл дар кишвар 100 рубл 16 сомониву 25 дирам арзиш дошт.

Асъори аврупоӣ евро  низ дап пайи коҳишёбӣ, каме ҳам бошад рӯ ба афзоиш дорад. Тибқи иттилои Бонки миллӣ дар бозори арз барои 100 евро 1004 сомониву 59 дирам медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз як рӯз пеш барои 100 евро 1002 сомониву 38 дирам муқаррар шуда буд.

Дар ҳамин ҳол вазъи пули амрикоӣ доллар бошад, рӯ ба коҳиши қурб овардааст. Ҳоло дар кишвар бар ивази 100 доллар 1021 сомониву 55 дирам  медиҳанд, ки дар қиболи як рӯзи қаблӣ камтар аст.

***

Нархи миёнаи фурӯши ҳар бушка нафти хоми таҳвили моҳи оянда дар  биржаҳои Inter Continental Exchange (ICE) — ICE Brent Crude Futures-и Лондон 91 доллару 32 сент муъомила шуд.

Нархи миёнаи ҳар бушка нафти хоми таҳвили моҳи оянда дар биржаҳои New York Mercantile Exchange (NYMEX) ва Light Sweet Crude Oil-и Нюйорк  84 доллару 71 сент муомила шуд.

***

Қурби тилло дар биржаҳои Лондон субҳи имрӯз 1649 доллару 93 сент барои як унс таин шуд. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *