Рубрики Хабарҳо

Аз 8 феврал дараке аз Амриддин Аловатшоев нест

Рӯзи 8 феврал хешовандони Аловатшоев ба Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ муроҷиат карда, кӯмаки ҳуқуқӣ хоста буданд. Пайвандон гуфта буданд, ки Амриддинро ҳеҷ куҷое пайдо накардаанд, то аз ҳолаш хабардор шаванд. 

Рӯзи 17 феврал вакили дифои аз ҷониби созмони мазкур таъиншуда изҳор дошт, ки аз санаи 8-уми феврал то ин ҷониб наметавонад ҷойи қарордоштаи Аловатшоевро пайдо кунад ва бо ин нафари таҳти ҳимояти худ вохӯрад. 

Адвокат ба СИЗО КДАМ, СИЗО ва тавқифгоҳи ВКД, ки Аловатшоев метавонист дар ҳамин боздоштгоҳҳо  бошад, дархост фиристод, аммо натиҷа ҳанӯз ҳам нест. Аммо ба Дастгоҳи иҷроияи президент, Додситонии кул, Ваколатдори ҳуқуқи инсони Тоҷикистон ва ВКД баёнияҳое ирсол шудааст, ки адвокатро ба назди Амриддин роҳ надиҳанд. Ҳамин тавр мақомоти Тоҷикистон  Аловатшоевро  аз дастрасӣ ба адвокат маҳрум кардаанд. 

Раҳбари маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон Нусратулло Маҳмадзода дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, ки иддаои Эътилоф дуруст нест, чунки Аловатшоев дар СИЗО буда, хешовандонаш бо ӯ дидорбинӣ мекунанд. Адвокаташ ҳам  баромад кард ва шиканҷа шуданашро рад кард. 

Аз табодули афкори ҷамъият дар шабакаҳои иҷтимоӣ бармеояд, адвокате,ки баромад карда, аз вазъи хуби Аловатшоев хабар дод, аз ҷониби худи мақомотҳо аст ва баёноташ ҳам дурӯғе беш нест.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *