Рубрики Хабарҳо

Куштор дар сари пиёзҷамъкунӣ

Дар шаҳри Леваканд пеш аз зуҳри 5-уми май ҳангоми ҷамъоварии пиёз ҷанҷоли маргбор ба амал омада, бар асари як мушти ҷавони 26-сола, марди 33-сола ҷон додааст.

Дар ин бора Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз  хабар дод.

 Бино ба манбаъи хабар  “Рӯзи 5-уми майи соли 2020, тахминан соати 11:30-дақиқа, ҷавони 26-солаи сокини шаҳри Бохтар, ҳангоми ҷамъоварии маҳсулоти пиёз дар хоҷагии деҳқонии “Баракати Боҳтуробод”, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Левакант бо марди 33-сола, сокини ҷамоати деҳоти мазкур ҷанҷол карда, бо мушт ба қисмати чапи гарданаш як маротиба задааст. Дар натиҷа, марди 33-сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Аз рӯи маълумоти додаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон айни замон гумонбаршаванда дар боздоштгоҳ қарор дошта, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Инчунин мақомоти умури дохилӣ аз боздошти марди 33-солаи сокини пойтахт хабар додааст, ки дар қасдан расонидани зарар ба саломатӣ муттаҳам мешавад.

Боздоштшуда дар он айбдор мешавад, ки марди 32-сола, сокини пойтахтро 17-уми январи соли 2020, тахминан соати 21:30-дақиқа, дар маҳаллаи 112 дашномҳои қабеҳ дода, латукӯб намудаст.

Аз паи шуйуъи вируси коруно ва ба миён омадани буҳрони иқтисодӣ ҷомеашиносон зимни ибрози назар дар расонаҳо таъкид мекунанд, ки қимматшавии молу коло ва дастнорас шудани маҳсулоти ғизоӣ, дар равони мардум ноумедию рӯҳафтодагиро ба бор меоварад вахушунат дар ҷомеа афзоиш меёбад. 

Сообщение ПАЁМ.net.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *