Рӯҳониёни суннии кишвар ба қатли Маҳисо Аминӣ ва саркӯби мӯътаризон ба шиддат эътироз кардаанд. Мавлоно Абдулҳамид аз “идораи пулисӣ ва амниятии кишвар” интиқод кард. Анвар Растагор, рӯҳонии суннии курд ба далели интиқод ба кушта шудани Маҳисо Аминӣ дастгир шуд.
Мавлоно Абдулҳамид, имоми ҷумъаи аҳли суннати Зоҳидон дар оғози эътирозоти мардумӣ ба масъулони кишвар “шунидани ҳарфи мардум”-ро тавсия ва аз “пулиси кардани идора кишвар” бар ҳазар дошт.
Абдулҳамид хитоб ба масъулин ҳушдор дод, ки агар ба матолиботи мардум расидагӣ накунанд “бо як ҷарақа мардум ба хиёбонҳо мерезанд”.
Имоми ҷумъаи аҳли суннати Зоҳидон хоҳони тағйироти сиёсӣ шуд ва гуфт мардум озодӣ мехоҳанд ва “бо силоҳ ва қудрат наметавон ҳукуматеро нигаҳ дошт”.
Илова бар Абдулҳамид, рӯҳониёни дигари суннӣ аз ҷумла мавлоно Муҳаммадҳусайни Гургиҷ имоми ҷумъаи Шаҳристони Голикаш дар устони Гулистон ҳам аз ҳокимият интиқод кард ва гуфт : “чаро масъулини амр, тамоми мардумро разил ва авбош хитоб мекунанд, пас мудирият, дироят ва раёсати мо чигуна будааст, ки ин ҳама арозил ва авбош дар тамоми шаҳрҳо пас аз инқилоб ба вуҷуд омаданд?! “
Яке аз дастондаркорони мадрасаи дорулъулуми Зоҳидон дар мусоҳиба бо Дойче Велла гуфтааст эътирозот дар Сарбоз, Чоҳбаҳор ва Меҳвар таронзини Чоҳбаҳор- Эроншаҳр дар устони Систон ва Балучистон идома дорад ва густариш пайдо кардааст.
Ӯ дар идома тавзеҳ дод, ки фишорҳои мазҳабӣ ба аҳли суннат пас аз рӯйи кор омадани Раисӣ бештар шуда ва намозхонаҳои онҳо дар Турбати Ҷом, Машҳад ва Теҳронро тахриб ё тавқиф кардаанд.
Ин мақом афзуд рӯҳониёни суннӣ пас аз эътирозот таҳдид шуданд ва имкони дастгирии бархе аз онон аз ҷумла Мавлоно Абдулғаффор дар Чоҳбаҳор ба далели “ташвиқ ба эътироз” вуҷуд дорад.
Тибқи гуфтаи ин манбаъи маҳаллӣ, “ҷавонон дар муқобили манзили Мавлавии Абдулфағор истодаанд ва иҷоза намедиҳанд ӯро дастгир кунанд”.
Дастгирии рӯҳонии курд ба далели интиқод аз марги Маҳисо Аминӣ
Мулло Анвар Растагор аз сиёсатҳои ҳукумати Эрон ва бархурди нерӯҳои амниятӣ бо мӯътаризон ба қатли Маҳисо Аминӣ интиқод кард ва пас аз суханронӣ тавассути нерӯҳои амниятӣ боздошт шуд.
Манобеъи маҳаллӣ гузориш додаанд, ки нерӯҳои амниятӣ ин рӯҳониро бидуни ироаи ҳукми қазоӣ дар ҷодаи Ашнавия-Пироншаҳр дастгир ва ба макони номаълуме интиқол додаанд.
Бинобар гузоришҳо аз манотиқи курднишини Эрон, нерӯҳои амниятии Ҷумҳурии Исломӣ дар идомаи дастгирии фаъолони маданӣ ва шаҳрвандони мӯътариз, ба таҳдиди рӯҳониён мепардозанд.
Як рӯҳонӣ аз Шаҳристони Маҳобод зимни таъйиди ин мавзӯъ ба Дойча Велла гуфтааст: “аз ҳамон рӯзҳои оғози эътирозот, вазорати иттилоот ва иттилооти Сипоҳ, бо имомони масоҷид тамос гирифтаанд ва онҳоро таҳдид кардаанд ки дар сурати мавзеъгирӣ дар қиболи эътирозоти ахир бо авоқибе рӯ ба рӯ хоҳанд буд”.
Яке аз дастондаркорони мадрасаи дорулъулуми Зоҳидон дар бораи эҳтимоли дастгирии бархи дигар аз рӯҳониёни суннӣ гуфт: “дар радаҳои поинтар ин дастгириҳо анҷом хоҳад гирифт аммо уламо ва рӯҳониёни бузурги суннӣ ҷойгоҳи дигаре доранд ва ҳокимият расман даст ба чунин коре нахоҳад зад, чун табаоти сангине хоҳад дошт.”