Рубрики Хабарҳо

Ҳамлаи неруҳои исроилӣ ба Наблус. Омори қурбониён ба 10 нафар расид

Омор кушташудагони фаластинӣ дар натиҷаи юриши нерӯҳои Исроил ба шаҳри Наблус дар шимоли Каронаи бохтарии ишғолӣ ба 10 нафар расида ва беш аз 100 тан маҷрӯҳ шуданд. 

Низомиёни исроилӣ дар бархурд бо гурӯҳи мӯътаризи фаластинӣ дар юриш ба хонае дар минтақаи қадимии шаҳри Наблус, аз гулӯлаи ҷангӣ истифода карданд. 

Пеш аз ин, вазорати беҳдошти Фаластин эълом карда буд, ки вазъияти 6 тан аз маҷрӯҳон вахим буда ва ба бемористонҳои наздик мунтақил шуданд. 

Бино бар эъломи ин вазоратхона, аз оғози соли ҷорӣ то кунун 61 фаластинӣ аз ҷумла занон ва кӯдакон дар натиҷаи тирандозии сарбозони исроилӣ ё шаҳракнишинони яҳудӣ кушта шудаанд. 

Аз сӯи дигар хабаргузории расмии Фаластин низ эълом кард, ки ду тан аз маҷрӯҳон рӯзноманигор будаанд. Эътирозот пас аз юриши низомиёни исроилӣ дар Наблус идома дорад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *