Рубрики Хабарҳо

Мавҷуда Соҳибназарова муовини раиси Кумитаи наҷот интихоб шуд

Рӯзноманигори тоҷик Мавҷуда Соҳибназарова. ки дар Аврупо ба сар мебарад, муовини раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) интихоб шуд. Дар ин бора дафтари матуотии ин кумита хабар додааст.

Дар иттилоъияе, ки дар сойти КШНГЗС омадааст, гуфта мешавад “12-уми январи соли 2020 Анҷумани навбатии Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон тариқи он-лайн баргузор ва Мавҷуда Соҳибназарова ба симати муовини раиси КШНГЗС интихоб шуд”.

Дар Анҷуман, тибқи иттилоъи манбаъ, тамоми аъзои Кумита, ки дар кишварҳои мухталиф кору фаъолият мекунанд, ҳузур дошта, сохторҳои онро аз нав бозсозӣ карданд. Аммо гуфта нашудааст анҷуман дар куҷо баргузор шуд ва оё бо ҳузури воқеъӣ буд ё онлайнӣ.

“Бар асоси раъйгирии умумӣ, ки тамоми аъзои Кумита дар он ширкат варзиданд, ҷаноби Абдуссатор Бобоев, раиси пешини Кумита дубора ба ин симат ба муддати як сол интихоб шуд ва бону Мавҷуда Соҳибназарова ба симати муовини раиси Кумита таъйин гардид” – гуфта мешавад дар хабар.

Ҳамчунин дар ин нишаст қарор шудааст “зерсохторҳои Кумита аз нав ташкил ва ҷобаҷогузории кадрҳо дар дабирхона, шӯъбаи ҳуқуқ ва бахши расона ва таблиғ ба анҷом расад”.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон як сол қабл таъсис шуда, барои озодии зиндониён ва гаравгонони сиёсӣ, дифоъ аз ҳуқуқи кулли зиндониёну оздоштшудагон ва ғайра мубориза мебарад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *