Имсол маросими ҳаҷро танҳо он хориҷиёне адо карда метавонанд, ки аллакай дар қаламрави ин кишвар қарор доранд.
Вазорати ҳаҷ ва умраи Арабистони Саудӣ хабар дод, ки ин қарор вобаста ба пешгирии коронавируси COVID-19 аст, ки дар қаламрави зиёда аз 180 кишвар паҳн шуда, шумори фавтидагон аз ин беморӣ ба ҳадди қариб ним миллион расид ва дар саросари дунё беш аз 9 млн ҳолати сироятёбӣ тасдиқ шудааст.
Тавре иттилоъ медиҳад, вазири умури ҳаҷҷи Арабистони Саудӣ гуфтааст, ки “Дар маросими ҳаҷи имсола шумори маҳдуди зоирони миллатҳои гуногун, ки аллакай дар қаламрави Арабистони Саудӣ ҳузур доранд, иштирок карда метавонанд”.
Ба гуфтаи ӯ, “то ба ватан рафтан” амнияти ҳамаи касоне, ки бо баста шудани сарҳадот дар робита ба пандемия дар қаламрави ин кишвар қарор доранд, таъмин хоҳад шуд.
Маросими ҳаҷ имсол ба 28 июл – 2 август рост меояд.
Аз рӯзи якшанбеи гузашта ҳукумати Арабистони Саудӣ соати коммендантиро дар қаламрави кишвар бекор кард. Дар ҳамин ҳол, то супориши махсус адои маросими ҳаҷи умра, инчунин алоқаи байнулмилалии ҳавоӣ, заминӣ ва баҳрӣ манъ боқӣ мемонад.