Ҳама ҳамсояҳои Тоҷиикстон ва кишварҳое, ки тоҷикон ба он рафтуомади бешатр доранд, сарҳадҳои худро ба рӯи хориҷиён бастанд. Танҳо Тоҷикистон ҳеҷ иқдоме дар ин росто нагирифтааст ва ҳатто мадорису ҷашнҳо таътил нашудаанд.
Дирӯз мақомоти Русия эълон карданд, ки сарҳадҳояшонро ба рӯи ҳамаи хориҷиён ба ҷуз гурӯҳи махсус, аз ҷумла дипломатҳо, мебанданд. Аз фардо, 18 март то 1 май вуруди шаҳрвандони оддӣ ба Русия ғайриимкон гашт. Тамоми мадориси миёнаву олӣ ва кӯдакистонҳои ин кишвар ҳам таътил шуданд.
Имрӯз Қирғизистон ҳам эълон кард арои муддати номуайян марзҳояшро барои вуруди хориҷиён ва хурӯҷи шаҳрвандони худаш мебандад. Имкон дорад ин карантин як моҳ идома кунад ва баъдан вобаста аз шароит бозбинӣ шавад. Мактабу донишгоҳҳо низ дар Қирғизистон карантинӣ шудаанд.
Ду рӯз қабл Ӯзбекистону Қазоқистон ҳам аз чунин тасмиме эълон карда буданд.
Дар ҳамин ҳол мақомоти Тоҷикистон то кунун ҳеҷ тасмиме дар ин росто ҷуз бастани масоҷид, он ҳам ду ҳафта қабл, нагирифтаанд.
Ҳатто ҷашни бузурги Наврӯз ва омодагиҳо ба ону “маршировка” дар Хуҷанд лағв нашудааст.