Романи журналист Абдумудассир Аҳмадзода бо номи «Арӯси шайхи тиллоӣ» ба нашр расид. Асар дар асоси воқеаҳои зиндагии як духтари ҷавони тоҷик, ки дар кишварҳои арабӣ таҳти озору азоб қарор гирифта, бо кӯмаки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ наҷот ёфтааст, қисса мекунад.
Қаҳрамони асар Гулрафтор аст, пас аз панҷ соли сахти муҳоҷират ва таҳқиру азобҳо, билохира ба Ватан баргашта, зиндагии нав оғоз мекунад. Ин асар қаблан дар нашрияи “Оила” чоп шуда ҳаводорони зиёде дошт.
Абдумудассир Аҳмадзода, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик буда, дар гузашта корманди радиои Тоҷикистон ва рӯзномаи “Садои мардум” буд. Беш аз 20 сол аст, ки дар ҳафтаномаҳои “Тоҷикистон” ва “Оила” фаъолият дорад.
«Арӯси шайхи тиллоӣ» нахустин асари калонҳаҷми бадеии ин рӯзноманигор аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube