Ба гузориши бархе манобеъ хабари чанд инфиҷор муҳиби ношӣ аз ҳамалоти мушакӣ ва ҳавои субҳи рӯзи душанбе 10 октябри 2022 Киев, пойтахти Украинаро ба ларза даровард.
Хабаргузории Фаронса бо интишори гузорише дар ин хусус шунида шудан садои инфиҷорҳои муҳибро дар пойтахти Укроин мавриди таъйид қарор додааст.
Бино ба ин гузориш, ин инфиҷорҳо ҳудуди соати 8-у понздаҳ дақиқаи субҳ ба вақти маҳаллӣ ва чанд дақиқа пас аз ба садо даромадани ожирҳои ҳушдори ҳамалоти ҳавоӣ рӯй додааст.
Франспресс дақоиқе пас аз интишори ин гузориш дар хабаре фаврӣ аз шунида шудани садои ду инфиҷори дигар дар пойтахти Укроин хабар дод.
Наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир шудаанд, сутунҳои бузурге аз дуди сиёҳро дар чандин нуқта аз шаҳри Киев ба тасвир кашидаанд.
Як хабарнигори Франспресс дар гузориши худ аз маҳал овардааст, ки омбулонсҳои зиёде дар маркази шаҳр ба самти маҳалл инфиҷорҳо ҳаракат карданд.
Гуфта мешавад, ки дасти кам шаш мушак рӯзи душанбе ба пойтахти Укроин исобат карда, ки як музей, як донишгоҳ ва як порк аз ҷумлаи маконҳои ҳадафқароргирифта будаанд.
Зеленский: Русия бо паҳподҳои эронӣ ба Укроин ҳамла кард
Владимир Зеленский, раисҷмҳури Укроин бо ишора ба партоби даҳҳо мушак аз сӯи низомиёни Русия ба шаҳрҳои мухталифи кишвараш аз ҷумла Киев муддаӣ шуд, ки бархе аз ин ҳамалот бо паҳподҳои эронӣ сурат гирифтааст.
Вай ҳамчунин таъкид кард, ки Русия рӯзи душанбе амалиёти бомбаборони зерсохтҳои энержии Украинаро оғоз карда ва қасди нобудии ин кишварро дорад.
Иддаои Зеленский дар бораи истифодаи аз паҳподҳои эронӣ барои ҳамла ба Укроин дар ҳоле матраҳ мешавад, ки Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон ва дигар масъулони давлат дар Теҳрон пештар таҳвили паҳпод ба Русия барои истифода дар ҷанги Укрринро такзиб кардаанд.
Шиллики 75 мушак ба Укроин
Аз сӯи дигар ба гуфтаи артиши Укроин чандин шаҳри ин кишвар бомдоди рӯзи душанбе дасти кам бо 75 фарванд мушак ҳадаф қарор гирифтааст.
Валерий Залужний, фармондеҳи кулли артиши Укроин бо интишори паёми телеграмӣ таъкид кард, ки 41 фарванд аз мушакҳои шилликшуда тавассути падофанди ҳавоии кишвараш сарнагун шудааст.
Вай ёдовар шуд, ки Русия аз паҳподҳои размӣ дар ин ҳамалот истифода кардааст; Мавзӯе ки раисҷумҳури Укроин низ бар он таъкид кардааст.
Охирин ҳамалоти ҳавоии артиши Русия ба Киев ба 26 июни гузашта боз мегардад ва инфиҷорҳои суратгирифта дар рӯзи душанбе метавонад навъе вокуниш аз сӯи Кремл ба таҳаввулоти низомӣ дар шарқ ва ҷануб Укроин бошад.
Ин ҳамалот, ки пас аз инфиҷори худрави бомбгузоришуда рӯйи пули Крим сурат мегирад, ба эътиқоди бархе таҳлилгарон эҳтимолан навъе интиқомҷӯӣ аз сӯи Кремл ба ин ҳодиса аст.
Гуфтанист Владимир Путин, раисҷумҳури Русия шаби гузашта тайи суханоне инфиҷори пул Кримро “иқдоми террористӣ” хонд ва ангушти иттиҳомро дар ин хусус ба сӯи сервисҳои вижаи амалкунанда таҳти фармони Киев нишона рафт.
Пойтахти Укроин дар ҳоле пас аз ҳудуди чаҳор моҳ бори дигар ҳадафи ҳамалоти артиши Русия қарор мегирад, ки Владимир Путин аъзои Шӯрои амнияти миллии ин кишварро барои ширкат дар нишасти фавқулода дар рӯз душанбе фаро хондааст.
Ба гузориши Кремл дар ин нишаст, ки ду рӯз пас аз инфиҷори пули Керч барпо мешавад, вузарои аслии кобина, раҳбарони сиёсӣ ва намояндагони сервисҳои амниятӣ ва артиш ҳузур хоҳанд ёфт.
Бомбаборони дигар шаҳрҳои Укроин: Чанд кушта ва маҷрӯҳ
Ҳамзамон бо интишори хабарҳои мабнӣ бар ҳадаф қарор гирифтани Киев бар асари ҳамалоти ҳавоӣ ва мушакии артиши Русия, мақомҳои укроинӣ эълом карданд, ки чанд шаҳри дигар ин кишвар низ бомбаборон шудаанд.
Дафтари раёсатҷумҳури Укроин бо таъйиди ин хабар ёдовар шудааст, ки чандин шаҳри ин кишвар ҳадафи бомбаборонҳои низомиёни Русия қарор гирифтаанд.
Киев ҳамчунин эълом кард, ки дар ҷараёни ин ҳамалот чанд нафар дар шаҳрҳои мухталиф ҳадаф қарор гирифта кушта ва маҷрӯҳ шудаанд. Шумори кушташудагон дар Киев бар асос бароварҳои аввалия 5 нафар ва теъдод маҷрӯҳон 12 нафар эълом шудааст.
Манобеъи маҳаллӣ ба нақл аз фармондори минтақаӣ дар ғарби Укроин, ки шаҳри Лвов дар он воқеъ шудааст аз бомбаборони ин шаҳр хабар додаанд.
Аз сӯи дигар як фармондори маҳаллӣ дар Запороже низ аз исобати дасти кам ҳафт мушак ба ин шаҳр хабар дода ва эълом кардааст, ки бар асоси омори расмии аввалия то кунун як нафар дар ин ҳамалот кушта ва панҷ нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.