Рубрики Хабарҳо

Беш аз 30 кушта ва даҳҳо нафари гумшуда бар асари сел дар Афғонистон

Дар асари ҷорӣ шудани сел дар бархе аз манотиқи Афғонистон тайи се рӯзи гузашта, беш аз 30 нафар ҷон бохтанд ва 74 нафар захмӣ шуданд. Даҳҳо нафар ҳамчунон гумшуда ҳастанд ва садҳо манзили маскунӣ низ тахриб шудаанд. 

Бар асоси гузоришҳо, сел дар Афғонистон ҷони даҳҳо нафарро гирифт. Давлати Толибон рӯзи якшанбе 23 июл таъйид кард, ки дар 72 соати гузашта, бар асари сел дасти кам 31 нафар дар саросари ин кишвар ҷони худро аз даст додаанд. Ҳамчунин, ҳашт устон дар ин кишвар дучори селзадагӣ шудааст. 

Талафоти зиёде дар вилояти Майдони Вардак гузориш шудааст. Дар он ҷо шумори зиёде аз қурбониён дар хоби шабона тавассути сел ғофилгир шудаанд. Гузоришҳо ва оморҳои ироашуда аз сӯи Толибон ҳокӣ аз он аст, ки ҳамчунон даҳҳо нафари дигар низ бедарак шудаанд. 

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи давлати Толибон рӯзи якшанбе гуфт, ки пас аз ин ҳодиса афроди осебдида дар вилояти Майдони Вардак дар маркази Афғонистон кумакҳои изтирорӣ дарёфт карданд. 

Ба гузориши Тулӯъ-нюз, Шафеъуллоҳ Раҳимӣ, сухангӯи Вазорати расидагӣ ба ҳаводис (ҳолатҳои фавқулъода) меафзояд, ки дар натиҷаи ин селобҳо, беш аз 600 манзили маскунӣ ва садҳо ҳектор замини кишоварзӣ низ тахриб шуданд. 

Раҳимӣ афзудааст: “аз се шаби гузашта селобҳо шурӯъ шудаанд, 13 нафари кушта шуда дорем 74 нафар захмӣ дорем ва беш аз 604 хона тахриб шудаанд.” 

Аммо Раёсати мубориза бо ҳаводиси Майдони Вардак мегӯяд, ки дар пайи сарозер шудани селобҳои шаби гузашта 30 тан ҷон бохтанд ва 15 тан дигар захмӣ шуданд. 

Файзуллоҳ Ҷалолӣ, раиси мубориза бо рӯйдодҳои табии Майдони Вардак меафзояд, ки дар натиҷаи ин селобҳо чаҳор тан нопадид ва даҳҳо манзили маскунӣ ва заминҳои кишоварзӣ низ аз байн рафтаанд. Бархе дигар аз мақомоти Толибон мегӯянд шумори нопадидшудагон даҳҳо нафар аст. 

Раёсати ҳавошиносӣ таҳти мудирияти Толибон нисбат ба эҳтимоли вуқӯъи борандагии шадид, раъду барқ ва селобҳои оянда дар 17 вилояти кишвар ҳушдор додааст. 

Ин ниҳоди ҳавошиносӣ таҳти мудирияти Толибон бо интишори иттилоияе эълом кард, ки эҳтимоли ҷорӣ шудани селҳои ногаҳонӣ тайи рӯзҳои оянда дар вилоятҳои мухталифи Афғонистон вуҷуд дорад. 

Агарчи Афғонистон дар ҳошияи ғарбии манотиқи мавсимии Осиё қарор дорад, боронҳои шадид борҳо боиси ҷорӣ шудани сел дар бистари рӯдхонаҳои хушкшуда дар ин кишвар мешавад. 

Ин кишвар ба шиддат аз паёмадҳои тағйироти обуҳавоӣ ранҷ мебарад ва тағйироти шадиди обуҳавоӣ борҳо ба талафоти инсони дар ин кишвар анҷомидааст. 

Пас аз чандин даҳаи ҷанги хонумонбарандоз, ҳоло ин кишвар бо фоҷиаи инсонӣ низ рӯ ба рӯ аст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *