Рубрики Хабарҳо

Вақте ки бозори тамаллуқ гарм мешавад…

Хабарнигори маъруфи тоҷик Азизи Нақибзод дар саҳифаи фейсбукии худ матлаберо дар шикоят аз тамаллуқи зиёиён коштааст. Ӯ, ки ба назар мерасад аз ин ҳама тамаллуқу чоплусии бархе ба истилоҳ зиёиён сахт ранҷидааст, дар мазаммати ин падидаи адолаткушу диктаторпарвар чунин менависад:

 

БА «ЗИЁИЁН»-И ТОҶИК

 

Чароғҳоро накушед!

Шамъҳоро пуф накунед!

Рӯи охирин ахгараконро хокистар напӯшонед!

Магар намедонед, ки…

…вақте ки бозори тамаллуқ гарм мешавад, фазо ториктару зулмонитар мегардад.

Вақте чоплусӣ ба авҷ мерасад, роҳҳо пуршебу пурфарозтар мешаванд.

Дар роҳҳо чоҳ наканед!

Агар рушангарӣ балад нестед, соя ҳам наафканед!

Ҳимматро баланд гиред!

Чун ин ҳама хушомад, натиҷаи беҳимматист!

Ба ёд доред, ки мо тоҷикем!

Тоҷик, яъне ориёӣ!

Ориёӣ яъне вораста!

Ворастагӣ тамаллуқ намепазирад!

Ва ниҳоят аз миллати ман

туркман насозед!

Аз чунин будан набудан авлотар!

 

(Аз саҳифаи фейсбукии муаллиф)

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *