Маҳмудҷон Файзраҳмонов
Журналистон ва хабарнигорон аз дар кишварҳои ғайридемократӣ аз ҷумла қишрҳои ҷомеа мебошанд, ки аз ҳама дида бештар мавриди таҳдиду фишор ва ҳатто латукубу қатл қарор мегиранду ҳамлаваронашон номаълум ё ҳадди аксар беҷазо боқӣ мемонанд.
Бахусус, мавориди латукуб ва ҳамла ба журналистон, ки ҳар чанд сол баъд дар Тоҷикистон рух медиҳад, сигналест ҷиддӣ ба худи журналистони латукубшуда ва дар умум ба аҳли ин соҳа, ки “ҷойгоҳи худ” бидонанду “аз ҳад” нагузаронанд.
Тоҷикистон, ки дар он мавориди таҳдиду фишор, ҳиҷрат, латукубу зиндонӣ шудани журналистону хабарнигорон пас аз соли 2010 ба таври чашмгир афзудааст, яке аз кишварҳои хатарнок барои журналистон маҳсуб мешавад.
Журналистони латукубшуда аслан аз ҷумлаи журналистоне ҳастанд, ки бо ҷасорати хос ба масоили ҳассос ва мавзӯъоти табу даст мезаданду бо сароҳат аз фаъолияти раҳбарияти кишвар интиқод мекарданд.
Ҳарчанд чунин мавридҳо дар кишварамон кам нестанд, дар ин матлаб танҳо 4 маворид аз латукубу ҳамла ба журналистонро, ки сипас ба сарнавиштҳои мухталифе рубарӯ шудаанду ҳамлаваронашон то кунун номаълум боқӣ мондаанд, ҳамчун намуна меорам.
1. Соли 2020, Абдуллоҳ Ғурбатӣ — озодӣ (рӯзи ҳамла 11.05.2020 ва ҳамлаварон то кунун номаълум)
Шоми дирӯз, 11-уми майи 2020, Абдуллоҳ Ғурбатӣ (хабарнигори 23-солаи “Азия-Плюс”) дар шаҳри Душанбе мавриди ҳамлаи ду шахси ношинос қарор гирифт ва дар пайи он бемористон бурда шуд. Вазъи саломатиаш бо вуҷуди захмҳову ҷорӣ шудани хун аз сараш то кунун вахим гузориш нашудааст.
Ангезаи ин ҳамла то кунун маълум нест ва мақомот низ шарҳ надодаанд. Аммо Раҷаби Мирзо, яке аз журналистони шинохтаи тоҷик, гуфт, агар табибонро муҳайё насозанду ҷинояткоронро пайдо накунанд, мардум ҳатман хулоса хоҳанд кард, ки “ин ҳодисаи нангин ба хотири тарсзоӣ дар ҷомеа рух додааст.”
Ангезаи ин ҳамла расман шарҳ дода нашуд ва ҳамлаварон низ номаълум боқӣ монданд. ҲНИТ он замон ин ҳамларо тарҳрезишуда ва “сӯиқасд ба ҷони” Сайфуллозода эълон кард.
Моҳи сенятбри 2015, яъне 4 сол баъд аз ин ҳамла, Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода дар пайи саркубии ваҳшатноки 2015 ҳамроҳи бо даҳҳо фаъолони аршади ҲНИТ боздошт шуд ва сипас дар пушти дарҳои баста ба 16 сол зиндон маҳкум шуд.
Бознашр аз веблоги муаллиф
Сообщение ПАЁМ.net.