Рубрики Хабарҳо

“Дар Русия буд ва як моҳ қабл аз “кудато”-и Ҳоҷӣ Ҳалим хабар дошт” (Навор)

Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сокини пойтахт Эргаш Ризоевро барои иттилоъ надоданаш дар бораи “кудато”-и Абдуҳалим Назаров ба 8 солу 4 моҳи зиндон маҳкум кард.

Аз Додситонии кулли Тоҷикистон ба “Азия Плюс” гуфтанд, ки ин мард дар шаҳри Иркутски Русия қарор дошт ва ҳанӯз моҳи август аз нақшаи кудато хабар дошт, иттило медиҳад ин хабаргузорӣ. Ӯ як ҳафта қабл аз “кудато” ба Тоҷикистон омада, аммо аз он ба мақомот хабар надодааст.

Ризоев ҳамчунин ба бисёрҳамсарӣ ва додани ришва дар ҳаҷми 5 ҳазор доллар ба корманди мақомоти интизомӣ муттаҳам шудааст. “Ӯ ҳангоми додани пора дар яке аз тарабхонаҳои Душанбе боздошт шуд”, гуфтааст манбаъ.

Нисбати Эргаш Ризоев тибқи моддаҳои 347 (пинҳон доштани ҷиноят ё хабар надаодан дар бораи он), 320 (додани пора) ва 170 (бисёрҳамсарӣ) айб эълон шудааст.

Дар ҳоле мақомот Ризоевро ба огоҳи доштан аз “кудато”-и нофарҷоми собиқ ҷонишини вазири дифоъ ҷенерол Абдуҳалим Назаров (Ҳоҷӣ Ҳалим) муттаҳам мекунанд, ки коршиносон ва ҷомеъа ҳарчӣ бешатр ба воқеъӣ будани он шубҳа мекунанд.

Дӯстони наздики ҷенерол, тавонистаанд аз Тоҷикистон берун раванд, мегӯянд ҳеҷ огоҳие аз он надоштанд ва ҳатто як рӯз қабл аз “кудато” нишоне аз тайёрӣ ба он дида намешуд. Аз ҷумла Абдусаттор Бобоев, яке аз дӯстони Абдуҳалим Назарзода, ки пайваста бо ӯ рафтуомад доштааст, мегӯяд як рӯз қабл аз “кудато” дар хонаи Ҳоҷӣ Ҳалим будааст, аммо ҳеҷ тағйироте дар рӯҳия ва ҳаракоти ӯ мушоҳида накардааст.

Абдусаттор Бобоев узви Раёсати олии ҲНИТ ҳам ҳаст, ки мақомот дар ҳамдастӣ бо Ҳоҷӣ Ҳалим муттаҳам мекунанд. Ӯ мегӯяд “агар воқеъан кудато шуданӣ буд ва ҳизб аз он огоҳӣ дошт, ман аввалин нафаре мебудам, ки ин иттилоро доштам”.

Навори сӯҳбати Абдусаттор Бобоевро инҷо бубинед:

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *