Рубрики Хабарҳо

Дар Леваканд симчӯбҳоро эзорпӯш карданд

Дар шаҳри Леваканди вилояти Хатлон 95 симчӯб ва 135 сабади бетонии канори роҳи Бохтар-Левакандро матоъпӯш кардаанд.

Раиси ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Леваканд Ҳалимзода Сафаралӣ гуфт, ки дар ин миқдор симчӯбу сабадҳои шоҳроҳи Бохтар-Леваканд  250 метр матоъ сарф шудааст, ки арзишаш тақрибан 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Ҳалимзода гуфтааст, матоъро як соҳибкори маҳаллӣ тақдим кард ва зимни гузаронидани як шанбегӣ  онро ба симчуб ва сабадҳои бетонӣ пушондем Агар ин иқдомро мардум ҷонибдорӣ кунанд, мо дар оянда ин корро  идома хоҳем дод.

Раиси ҷамоат зимни сӯҳбаташ бо нашрияи Фараж гуфтааст, ки мақсади ин амалашон зебогии шоҳроҳ аст. Ин иқдом дар доираи солҳои “Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва ҷашнҳои дар пешистода роҳандозӣ шудааст.

Нашрия дар ҳамин ҳол навиштааст, ки чанде аз сокинони маҳаллӣ гуфтаанд, ки хуб мешуд масъулон ин гуна матоъҳои зеборо, ки аслан онҳо барои рахти хоб истифода мешаванд, на дар симчубу сабадҳо мебастанд, балки ба оилаҳои ниёзманд тақсим мекарданд, беҳтар мебуд.

Бояд гуфт, ки пеш аз иди Наврӯзи соли 2021 дар шаҳри Бохтар низ ба тани дарахтон матоъҳои атласу адрас пӯшонда буданд, ки ин амал дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои зиёдеро ба бор оварда буд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *