Овозхони маъруфи тоҷик Маҳмадалӣ Аюбиӣ ҳамроҳ бо писараш дар беморхонаи вилоятии Хатлон барои ташхиси коруно бистарӣ шуданд.
Манбаъи Паём иттилоъ дод, ки имрӯз ғазалсарои маъруф, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Маҳмадалӣ Аюбӣ бо писараш Сафаралӣ Аюбӣ бо табъи баланд ба беморхона оварда шуда, барои ташхис бистарӣ шудаанд.
Аз онҳо аллакай ташхис гирифтаанд, вале ҳанӯз натиҷааш эълон нашудааст.
Маҳмадалӣ Аюбӣ аз сарояндагони суннатии маъруф дар ҷануби кишвар, ба хусус вилояти Хатлон аст.
Сообщение ПАЁМ.net.