Рубрики Pressa

Насби камера дар Хуҷанд барои пешгирӣ аз ифлосшавии муҳити зист


Аз ҷониби кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо Корхонаи воҳиди давлатии «Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд» бо мақсади пешгирии партовпартоӣ дар ҷойҳои муайяннашуда ва ифлосшавии муҳити зист дурбинҳои назоратӣ насб карда шудаанд.

Ин тадбир дар асоси муроҷиати шаҳрвандон барои дар ҷойи муайяннашуда гузоштани партов аз ҷониби шахсони алоҳида андешида шуда, дурбини назоратӣ дар буриши кӯчаи Фирдавсӣ ва Ҳаким Карими назди идораи Суди шаҳри Хуҷанд насб карда шудааст. Он минбаъд ба тариқи мустақим ҳодисаҳои қонуншиканиро ба қайд гирифта, ба телефони боварии шуъбаи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд интиқол медиҳад.

Дар асоси маълумоти дурбинҳои назоратӣ тибқи талаботи қонунгузории муҳити зист нисбат ба нафарони қонуншикан чораҷӯйӣ карда мешавад.

Дар назар аст, ки чунин дурбинҳои назоратӣ дар дигар мавзеъҳои шаҳр низ гузошта шаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *