Рубрики Хабарҳо

Омбудсмен: Ғурбатӣ ва Саидаминӣ шикояте надоранд

Намояндагони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон дар зиндони маъруф ба “Якум Советский” бо чанде аз журналистони маҳкумшудаи тоҷик, аз ҷумла Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Далери Имомалӣ ва Завқибек Саидаминӣ вохӯрда, аз шарту шароити нигоҳдории онҳо пурсон шудаанд.

Дар ин бора хабаргузории АзияПлюс бо истинод аз гуфтаи Зилола Икрамова, сармутахасиси шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии Вакодатдор оид ба ҳуқуқи инсон хабар дод.

Икромова гуфтааст, мулоқоти онҳо бо рузноманигорони зиндонӣ рӯзи 17-уми феврал, замоне, ки зиндониён ба таҷлили Рӯзи Артиши миллии Тоҷикистон омодагӣ медиданд, сурат гирифтааст.

Ба гуфти Икромова онҳо бо Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Завқибек Саидаминӣ суҳбат кардаанд ва рӯзноманигорон аз шарту шароит ва тарзи нигоҳдорӣ дар муассисаи ислоҳӣ шикоят накардаанд. 

Ӯ ҳамчунин, хабарҳо дар мавриди ба бемории сил гирифтор шудани Далери Имомалиро рад кард ва гуфт, агар ӯ бемории сил медошт, ҳаққи бо онҳо вохӯрдан надошт, чунки ин беморӣ гузаранда аст. Фақат кам кам месулфид.

Рузноманигорон гуфтаанд. ки “аз шароити будубош шикоят надорем ва ба мулоқот бо оилаи худ ва дастовезҳо дастрасӣ дорем”.

Дар ҳамин ҳол дар бораи рӯзноманигори дигар Абдусаттор Пирмуҳаммадзода бошад, Зилола Икрамова маълумоте надодааст. Гуфтааст, ки бо Абдусаттор Пирмуҳаммадзода нафари дигар вохурдааст.

Гуфтанист, давоми соли гузашта чаҳор рӯзноманигори тоҷик, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Далери Имомалӣ, Завқибек Саидаминӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ боздошт ва бо гумони ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ ба муҳлатҳои аз 7 то 10 сол зиндонӣ шуданд. Онҳо чандин маротиба, аз фишору шиканҷа дар зиндон шикоят карданд, вале ба инобат гирифта нашуд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ боздошту муҳокима ва ҳукми рӯзноманигоронро ғайриқонунӣ хонда, аз мақомоти Тоҷикистон даъват карданд, ки онҳоро фавран озод кунанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *