Рубрики Хабарҳо

Туркия ожонси фазоии худро таъсис дод

Фармони иҷроии Раҷаб Таййиб Урдуғон, раисҷумҳури Туркия марбут ба таъсис, вазоиф ва ихтиёроти “Ожонси фазоии Туркия” дар рӯзномаи расмии кишвар мунташир шуд.

Тибқи иттилоъи манбаъ, ожонси фазоии Туркия дар чорчӯби вазоиф, ихтиёрот ва будҷаи худ барои амалӣ кардани “барномаи миллии фазоӣ”-и ин кишвар фаъолият хоҳад кард.

Ҳамчунин ин ожонс вобаста ба Вазорати санъат ва технологии Туркия буда, вазифаи тадвини барномаҳои миёнмуддат ва баландмуддати фазое Туркияро бар ӯҳда хоҳад дошт.

“Эҷоди санъати фазоии қобили рақобат, тавсеаи санъати фазоӣ, густариши истифода аз фанновариҳои санъати фазоӣ барои афзоиши рифоҳи умумӣ ва омӯзиши манобеъи инсонӣ барои санъати фазоии кишвар аз ҷумлаи вазоифи аслии ожонси фазоии Туркия хоҳад буд” — тасреҳ кардааст манбаъ.

 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *