Рубрики Хабарҳо

Тоҷикистон дар муҳосираи иттилоотӣ

Хадамоти алоқа боз ба масдуд кардани интернет оғоз кард

Дар ҳоли ҳозир ду домени сойти иттилоотии «Азия-Плюс» — news.tj, asiaplustj.info масдуд шудаанд. Ҳамчунин дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоии  Facebook, Instagram, Twitter низ ғайриимкон гаштааст.

Вале ин ними мусибат аст. Хадамоти алоқа дастрасӣ ба VPN ва прокси-серверҳое, ки мардум бо кӯмаки онҳо вориди шабакаҳои иҷтимоӣ ва сойтҳои масдудшуда мегашт, низ номумкин гардонидааст.

Ин натиҷаи монополияи интернет аз тарафи Бег сабурӣ аст, ки метавонад мустақиман интернетро аз ноқили аслии он қатъ кунад.

Сабаби масдудкунии нави интернет дар саросари кишвар шояд ба амалиёти дарназаргирифтаи мақомот дар Бадахшон бастагӣ дорад. Тибқи иттилоъи як манбаъи Паём, ин амалият бо эҳтимоли зиёд ҳафтаи оянда оғоз мешавад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *