Рубрики Хабарҳо

Интернет дар Русия 8 баробар арзонтар аз Тоҷикистон аст

Соли 2018 қимати миёнаи 1 Мб интернети мобилӣ дар Русия 0.04 рублро ташкил дод, ки нисбат ба як соли қабл 33 дарсад арзонтар буд. Ин поёнравӣ бинобар рақобати шадид дар бозори интернети мобилӣ ба сурат гирифтааст.

Ширкатҳои мобилӣ ба хотири ҷалби бештари муштариён ва таҳрики истифодаи бештар аз интернети арзон тарофаҳои бидуни лимитро, ки соле қабл бардошта шуда буданд, баргардониданд.

Дар баъзе вилоятҳи Русия (аз ҷумла Курган) қимати интернет ба 0.01 рубл баробар шудааст. Коршиносон мегӯянд бо ин қимат гирифтани даромад тақрибан ғайриимкон аст, аммо рақобат ширкатҳоро маҷбур кардааст ба хотири аз даст надодани мутариёнашон нархҳоро то ин ҳад поён баранд.   

Дар ҳамин ҳол, қимати интернет дар Тоҷикистон аз 27 марти соли ҷорӣ бештар аз ду маротиба боло рафтааст. Ширкатҳои мобилӣ муваззаф шуданд ҳар Мб интернетро на камтар аз 5 дирам фурӯшанд.

Маълум мешавад, ҳоло қимати интернет дар Русия 8 баробар камтар аз Тоҷикистон аст. 0.04 рубли русӣ, ки қимати миёнаи интернети мобилӣ зар Русиро ташкил додааст, тибқи қурб ба 0.58 дирам баробар аст. Яъне агар қимати 1Гб интернет дар Тоҷикистон ҳоло 50 сомониро ташкил диҳад, дар Русия он ҳамагӣ ба 5,8 сомон баробар аст.

Аммо дар вилоятҳои алоҳидаи Русия, масалн Курган, интернети мобилӣ 35 баробар арзонтар аз Тоҷикистон тамом мешавад.

Ширкатҳои мобилии Русия ба хотири таҳрики муштариён ба истифодаи бештар аз интернет, ки дар натиҷа даромади ширкатҳоро афзошиш медиҳад, қимати интернетро поён бурдаанд. Аммо Агентии зиддиинҳисорӣ ва Кумитаи андози Тоҷикистон ба ин назаранд, ки боло бурдани қимати интернет даромади ширкатҳои мобилӣ ва дар натиҷа пардохти андозро бештар мекунад.

Аммо коршиносон мегӯянд ин тасмими мақомоти Тоҷикистон муштариёнро маҷбур ба истифодаи камтари интернет ва ҷустуҷӯи роҳҳои алтернативӣ хоҳад кард, ки дар натиҷа даромади ширкатҳо камтар мешавад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *