Рубрики Хабарҳо

Тоҷикистон дар нӯҳ моҳ аз 43 кишвар садақа гирифтааст

Тоҷикистон аз 51 кишвари дунё дар нӯҳ моҳи ахири соли равон, 43 миллион доллар кумаки башардӯстона дарёфт намудааст

Ба Тоҷикистон 51 кишвари дунё дар ҳаҷми 43 миллион доллар кумаки башардӯстона расонидааст, иттилоъ медиҳад хабаргузории ТоҷикТа.

Ба иттилои манбаъ, ҳаҷми кумакҳои башардӯстона ба 141, 5 ҳазор тонна баробар аст.

Гуфта мешавад, Тоҷикистон ба сифати кумаки гуманитарӣ орд, равғани растанӣ, доруворӣ ва ғайраро  дарёфт намудаст.

Кишвари нисбатан бузургтарини кумакрасон ба Тоҷикистон Русия дониста шудааст. Кумаки ироакардаи Русия ба Тоҷикистон 29,4 фисадро ташкил медиҳад.

Дар  мақоми баъдии кишвари хайрирасон Чин  бо 25,7 дарсадӣ карор дорад. Мақоми Фаронса  дар раддабандии кишвархои ёрирасон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон саввум буда ҳаҷми кумаки ироакардаи ин кишвар ба 9,3 фисад баробар  аст.

Гузашта аз ин саҳми Ҳиндустон низ кумакрасонӣ ба Тоҷикистон назаррас буда, ба андозаи 5 дарсадӣ кумакҳои башардӯстонаро ирсол намудааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *