Баъди эълони басиҷи нисбӣ аз ҷониби раисҷумҳури Русия 261 ҳазор нафар мардоне, ки таҳти пӯшиши басиҷ қарор мегиранд, ин кишварро тарк кардаанд. Дар ин бора хабаргузории“Новая газета. Европа” бо истинод ба манбаъаш дар дафтари раисҷумҳурии Русия хабар медиҳад.
Аз чаҳоршанбе то бегоҳи шанбе ин шумор аз басиҷ фирор кардаанд. Бо дарназардошти рӯзи якшанбе ва шаби гузашта, ин рақам метавонад ба бештар аз 300 ҳазор нафар бирасад. Мақомоти рус эълон карда буданд мехоҳанд 300 ҳазор нафарро басиҷ кунанд.
Манбаъ навиштааст дар долонҳои ҳукумати Русия маълумотномаи Хадамоти амнияти фелероли (ФСБ) дар бораи шумори мардони таркикишваркарда давр мезанад ва генералҳои рус мехоҳанд фармони Путин дар бораи манъи хурӯҷи мардонро ба даст оранд. Аммо то ҳол ин фармон дида нашудааст.
Дар ҳамин ҳол бархе коршносон саббаи худдори мақомоти Русия аз манъи хурӯҷи мардонро дар тарс аз эътирозҳо медонанд.
Баробари эълони басиҷ ҳазорон нафар ба самти сарҳадҳо ва фурӯдгоҳҳо ҳаракат карданд, ки дар натиҷа навбатҳои тӯлонӣ аз мошинҳо ба вуҷуд омаданд. Тӯли ин навбат дар бархе аз сарҳадҳо ба 20-25 километр мерасад. Фурӯдгоҳҳо низ шоҳиди ҷамъшавии бесобиқаи мардум шудаанд ва қимати билетҳо дар бархе самтҳо то 100 баробар афзоиш ёфтааст.