Рубрики Хабарҳо

Қушӯнҳои сарҳади мутмаъин аст ба сарҳад хатар таҳдид мекунад

Абдусаттор Шоҳиён, муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон парлумони Тоҷикистонро бовар кунонд, ки аз ҷониби Афғонистон амнияти сарҳади давлатиро  хатар таҳдид мекунад.

Ба гуфтаи ӯ, таҳлил ва баҳогузории вазъ нишон медиҳад, ки эҳтимоли рахнаи марз аз ҷониби гурӯҳҳои ҷиноӣ, террористиву ифротгаро ва қочоқчиёни силоҳбадаст, инчунин задухӯрди мунтазами мусаллаҳонаи сарҳадбонон бо ин гурӯҳҳо ҷой дорад.

Абдусаттор Шоҳиён, ин бонги хатарро зимни суханронияш дар Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон дирӯз 16-уми октябр зад. 

Зимни шарҳи  “Созишнома оид ба ташаккул ва истифодаи гурӯҳҳои мутахассисони мақомоти сарҳадӣ барои вокуниши фаврӣ ба таҳдиди амнияти сарҳадӣ дар сарҳади берунаи давлатҳои иштирокчии ИДМ”, ки дар ҳамин ҷаласаи парлумон тасдиқ шуд, Абдусаттор Шоҳиён ба вакилон гуфт, ки таҳдидҳо ба ҳифзи сарҳад рӯз то рӯз пурзӯр мешавад. Дар натиҷаи муноқишаҳои мусаллаҳона байни гурӯҳи Толибон ва нерӯҳои ҳукумати Афғонистон дар минтақаҳои наздисарҳадӣ, хати тӯлонии сарҳад бо Тоҷикистон ҳифз карда намешавад.

Бино ба маълумоти додаи Шоҳиён, гурӯҳҳои террористӣ ба омӯзиши дараҷаи ҳифзи марзҳои Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир карда, барои ба даст овардани маблағҳои калони пулӣ ба якдигар ҷиҳати интиқоли маводи мухаддир тавассути сарҳади давлатӣ кумак мерасонанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *