Пас аз давутоз баъди шунидани хабари маҷрӯҳии шавҳараш, ба Савринисо Ҷӯраева, ҳамсари Муҳаммадалӣ Ҳаит муяссар шудааст иҷозаи вохӯрӣ бо шавҳарашро барои мулоқот бо у дарёфт кунад.
Аввал ӯ ба қабули Иззатулло Шарипов сардори раёсати ислоҳи маҳбасҳои вазорати адлия рафтааст, аммо онҷо ба ӯ гуфтаанд, ки имрӯз рӯзи қабул нест. Ва маслиҳат додаанд, ки иҷозаи вохӯрӣ бо шавҳарашро аз қозии додгоҳ метавонад бигирад.
Баъди муроҷиат ба додгоҳ, Абдуҷаббор Сатторзода, муовини раиси Додгоҳи олӣ ва қозии парвандаи наҳзатиён санади иҷозатро содир кардааст.
Дар Сарраёсати ислоҳи маҳбасҳои вазорати адлия ба Савринисо Ҷӯраева гуфтаанд, ки пагоҳ рӯзи қабули Изатулло Шарипов аст ва ӯ агар шикояте дорад, метавонад ба ӯ расонад.
Аммо фардо ин мақом ба вохӯрии Муҳаммадалӣ Ҳаит бо завҷааш иҷоза хоҳа дод ё на, суоли матраҳ боқӣ мемонад.
Дирӯз як манбаи мӯътамад ба мо иттило дод, ки Муҳаммадалӣ Ҳаит бо дасту пои шикаста дар утоқи инфироди торики боздоштгоҳи Вазорати адлия нигоҳдорӣ мешавад.
Ин имкон ҳам вуҷуд дорад, ки ба Савринисо Ҷӯраева танҳо бо шарти расонаӣ накардани ҷараёни вохӯрӣ бо шавҳараш ва такзиби хабари маҷрӯҳии ӯ иҷозаи вохӯрӣ диҳанд. фишори мақомоти интизоми ва амнияти болои наздикони зиндониёни сиёси дар Тоҷикистон табдил ба як амри табиъи гаштааст .