Бар асоси раддабандии солонаи Economist Intelligence Unit (EIU) — воҳиди таҳлилии маҷаллаи бритониёии The Economist, ки рӯзи панҷшанбе нашр шуд, пойтахти Утриш — Вена бори дигар зиндагибобтарин шаҳр дар ҷаҳон муаррифӣ шуд ва ин навбат аз соли 2018 ва 2019 дар судури ҷадвали беҳтарин шаҳрҳо маротибаи савум аст. Дар байни шаҳрҳои мувофиқ дар ҷои дуюм пойтахти Дания Копенгаген ва дар ҷои сеюм шаҳри Сюрихи Суйис қарор доранд.
Он чизе, ки Венаро ҷолиб мегардонад, шароити муътадили он, инфрасохтори хуб ва системаи тандурустӣ, инчунин имкониятҳои зиёди фарҳангӣ ва фароғатӣ мебошад.
***
Эстония ва Латвия барои хариди як системаи дифоии мушакии миёнапарвоз тавофуқ карданд.
Вазирони дифоъи ду кишвари соҳили Балтик дар нишасти сарони НАТО дар Мадрид эъломияи ниятро имзо карданд. Вазири дифои Латвия Артис Пабрикс гуфт: «Таҷовузи Русия алайҳи Украина будани зарурат бар чунин системаҳои дифоъиро нишон медиҳад.»
***
Дар Исроил сарвазири нав таъин шуд. Радиои давлатии «Кан» хабар дод, ки Яир Лапид, раиси ҳизби «Эш Атид»-и Исроил, аз нимашаби панҷшанбе расман ба мақоми нахуствазири ин кишвар шурӯъ кард. Ҳамин тариқ, Лапид 14-умин сарвазир дар таърихи Исроил аст.
Як рӯз пеш аз ин Кнессет (парлумони Исроил) пас аз баррасии чанд рӯз қабл тарҳи қонунро дар бораи худпароканиш тасвиб кард. Нафтали Беннетт, ки вазифаи сарвазирро ичро мекунад, худи хамон руз ин вазифаро ба Яир Лапид супорид.
***
Интерфакс: Дар изҳороти вазорати кишоварзӣ гуфта шуд, ки шурӯ аз 1 июл то 31 декабри соли 2022, Русия дар содироти аминокислотаҳои хўроки чорво, биринҷ ва ғаллаи биринҷ маҳдудият ҷорӣ хоҳад кард. Ҳукумат қарорҳои дахлдори таҳиякардаи Вазорати кишоварзии Русияро ба имзо расонд.
Бо вуҷуди ин, биринҷро ба Абхазия, Осетияи Ҷанубӣ,Чуҳуриҳои демократии Донеск ва Луҳанск содир мекунад.
***
Шуйӯи вируси куруно дар 110 кишвари ҷаҳон боз афзоиш ёфтааст. Дар ин бора Kazinform дар канали Telegram хабар дод.
Директори генералии Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт Тедрос Адханом Гебрейюс гуфтааст, ки мизони мубталошавӣ ба куруно дар саросари ҷаҳон афзоиш ёфт.
Ба гуфтаи вай, вазъ бинобар паҳн шудани штаммҳои Омикрон BA.4 ва BA.5 дар 110 кишвари ҷаҳон, вазъият бадтар мешавад ва пандемия хотима наёфтааст. Садҳо миллион нафар, аз ҷумла кормандони соҳаи тиб ва пиронсолон дар кишварҳои камдаромад, ваксин нагирифтаанд ва ин ҳол онҳоро ба мавҷҳои ояндаи вирус осебпазир мегардонад. Шумори мубталоён ба COVID-19 дар саросари ҷаҳон 20 дарсад афзоиш ёфтааст.
***
Lenta.ru бар асоси иттилоъи портали хабарии Bloomberg навиштааст: Ширкатҳои нафтии Либия ба далели идомаи эътирозҳо дар ин кишвар ва бад шудани вазъи сиёсӣ содироти нафтро мутаваққиф кардаанд.
Ал-Сидр ва Рас-Лануф бузургтарин бандарҳои содироти нафт дар ин кишвари арабӣ маҳсуб меёбанд. Ин бандарҳо, ки маркази хидматрасонии содиротӣ эътироф шудаанд, пас аз тазоҳурот дар шаҳри Ас-Сидр маҷбур шуданд содиротро қатъ кунанд.
***
Оҷонсии хабарии Киодо навиштааст, ки ҳукумати кишвари Ҷопон барои нахустин бор дар ҳафт соли ахир низоми сарфаҷӯии энержиро ҷорӣ кард ва аз сокинон ва корхонаҳо даъват кард, ки истеъмоли онро дар фасли тобистон оқилона танзим кунанд.
Пойтахти Ҷопон ва ҳашт префектураи дигар дар моҳи июн сар аз 27 июни соли ҷорӣ дар давоми чаҳор рӯз ҳарорати ғайриоддӣ гармро эҳсос карданд ва сокинон аз сарбории изофии шабакаҳои барқ огоҳ карда шуданд. Ин таҷриба қаблан танҳо дар соли 2011, пас аз заминларзаи шадид ва сунамӣ, замоне, ки дар нерӯгоҳи Фукушимо-1 садама рух дод ва тамоми нерӯгоҳҳои ҳастаӣ, ки сеяки нерӯи барқи кишварро таъмин мекунанд, аз кор монд, роҳандозӣ шуда буд.
***
ТАСС: Аз ҳамин рӯз 1 июл Укроин барои шаҳрвандони Русия низоми раводид ҷорӣ мекунад. Ба далели қатъи равобити дипломатӣ аз ҷониби Киев бо Русия ва мутаваққиф шудани фаъолияти сафорат ва консулгариҳои Укроин дар ин кишвар, русҳо барои боздид аз кишвари ҳамсоя акнун бояд раводид дарёфт кунанд.
Барои ин шаҳрвандони Русия бояд ба марказҳои Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Калининград, Қазон, Новосибирск, Ростови лаби Дон ва Самара муроҷиат кунанд.
Ҳамзамон, ба русҳо ҳатто дар сурати доштани раводид, аз вуруд ба қаламрави Укроин худдорӣ карда мешавад. Қарори ниҳоӣ дар бораи иҷозаи убури марзро марзбонони Украина қабул мекунанд.
***
БелТА: Лукашенко аз кишварҳои пасошӯравӣ даъват кард, ки ба иттифоқи Белорус — Русия наздик шаванд.
Раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко дар паёми видеоии худ дар ҷаласаи пленарии 9-умин Форуми минтақавии Беларус ва Русия дар Гродно гуфт, ҳоло ин ду кишвар дар чараёни умумии раванди интеграсионии давлатхои иттифокй нақши локомотив мебозанд. Онҳое, ки ба ин иттиҳод ҳанӯз шубҳа доранд, бояд як чизро дарк кунанд: агар мо ба ваҳдат ва ҳамбастагӣ ноил нашавем, муносибатҳои байнидавлатӣ ва муносибатҳои оддии инсониро ҳарчи зудтар мустаҳкам накунем, фардо шояд вуҷуд надошта бошем.