Декани факултаи филологияи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро дар утоқи кориаш ҳангоми гирифтани пора дастгир карданд.
Тавре дафтари матбуотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон додааст, устоди донишгоҳ аз донишҷӯе талаб кардааст, ки барои дар дарсҳо иштирок накарданаш, 200 доллар диҳад.
«Кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани амалиёти бозҷӯӣ, рӯзи 9-уми апрел, тахминан соати 13:10-дақиқа, декани факултаро дар утоқи кориаш дар вақти гирифтани 1600-сомонӣ пора дастгир намуданд»,- омадааст дар хабар.