Рубрики Хабарҳо

Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷопон рафт. Барои ҷалби сармоя ё кӯмак?

Дирӯз раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари расмӣ озими Ҷопон шуд. Раисҷумҳурро дар ин сафар вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии президент дар масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони молия, нақлиёт, энергетика ва захираҳои об, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, раиси Палатаи савдо ва саноат ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон бо вазири молия ва раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ дар ҳолест, ки муносиботи иқтисодии тиҷории Тоҷикистону Ҷопон бисёр кӯчак аст ва бо кӯмакҳои Ҷопон ба соҳаи иҷтимоии кишвар ва воридоти тақҳизоти ҷопонӣ ба Тоҷикистон тамом мешавад.

Додудугирифти ду кишвар 7 соли охир атрофи 10 миллион доллар чарх мезад, аммо соли гузашта бинобар афзоиши воридоти таҷҳизоти ҷопонӣ ба 30 миллион наздик шуд. Гуфтанист, ки ин маблағ ҳам пурра ба воридоти таҷҳизот аз Ҷопон маҳдуд мешавад. Тоҷикистону Ҷопон ҳеҷ тарҳи муштараки иқтисодӣ надоранд.

Барои муқоиса: додугирифти Ӯзбекистону Ҷопон наздик ба 300 миллион доллар аст ва дар кишвари ҳамсоя 10 ширкати муштараки Ӯзбекистону Ҷопон фаъолият мекунанд. Аз ҷумла Исудзу, ки соли гузашта дар ин кишвар 11000 автобус ва 10000 мошини борбар истеҳсол кардааст. Соли 2016 ин ду кишвар дар мавриди сармоягузории 8,5 миллмарддолларӣ ба тавофуқ расиданд ва ин созишнома бо тадриҷ амалӣ мешавад. 21 ширкати ҷопонӣ, аз ҷумла Toyota, Sony, Honda, Mitsubisi ва ғайра дар Ӯзбекистон намояндагии худро доранд.

Соли 2013 сарвазири Ҷопон бо пешниҳоди 10 миллиарддолларӣ вориди Осиёи Миёна шуд, то дар ин ҷумҳуриҳо сармоягузорӣ кунад. Насиби Тоҷикистон аз он сармоя чанд миллион доллар барои… мубориза бо малах шуд. Чун вазоратхонаҳои иқтисодиву молиявии Тоҷикистон натавонистанд ҳеҷ тарҳи ҷолиберо ба Ҷопон пешниҳод кунанд.

Аз вазири молия ва раиси Кумитаи давлатии сармоягузориро ҳамроҳи худ гирифтани раисҷумҳури Тоҷикистон, баъзе коршиносон тахмин мезананд, ки шояд байни ду кишварсозишномаҳои сармоягузорӣ имзо шавад. Вале бо назардошти ин ки дар Тоҷикистон имкони сармоягузорӣ бисёр маҳдуд аст ва солҳои охир сармоя дар ҳоли фирор аз кишвар қарор дорад, дар гумон аст, ки ҷониби Тоҷикистон тавонад Ҷопонро ба гузоштани сармоя ё оғози тарҳи муштараки ҷиддие мутақоид кунад.

Ба назар мерасад ҳадафи аслии сафраи Раҳмон ба Ҷопон гирифтани кӯмак аст. Ин гуна сафарҳоро қаблан раисҷумҳури Тоҷикистон ба кишварҳои арабии Халиҷи Форс анҷом медод, аммо як соли охир ин кишварҳо кӯмакҳои билоиваз ба Тоҷикистонро камтар кардаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *