Ширкати «Барқи тоҷик» дар изҳороти нави худ шарҳ дода гуфт, аҳолии кишвар аз ширкат ҳудуди 1 миллиард сомонӣ қарз дорад ва дар ин ҳолат таъмини барқ қариб ғайриимкон аст
Ин дар ҳолест, ки моҳе пеш намояндаи ширкат барқкуширо бо корҳои профилактикиву таъмирӣ рабт дода гуфта, буд, ки аҳолӣ то ҷашни Наврӯз пурра бо барқ таъмин мешаванд.
“Барои он ки ҳар як шахс ва кулли кишвари мо пурра ва бетаваққуф бо барқ таъмин бошанд, маблағҳои зиёде хароҷот мешаванд, зиёда аз 13 ҳазор нафар кормандони соҳа шабу рӯз, дар гармиву сардӣ машғули меҳнатанд, тамоми неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ беист барқ истеҳсол менамоянд, ҳамаи 60 804 километр хатҳои интиқоли барқ ва 18 617 адад трансформаторҳои иқтидорҳояшон мухталиф муттасил зери шиддатанд…”, — омадааст, дар изҳорот.
Барқи тоҷик ба такрор таъкид мекунад, ки , ба шарте мушкилот бартараф мегардад, ки ҳамаи муштариён сари вақт ва пурра ҳаққи барқро пардохт намоянд.
Аз ҳама аҷибаш дар изҳороти ширкати Барқи тоҷик инаст, ки ширкат аз уламои дини Тоҷикистон хоҳиш кардааст, ки аҳолиро аз ҳаром будани дуздидани барқ огоҳ кунанд.
Дар изҳорот Барқи тоҷик таъкид мекунад, ки “Дуздидани барқ ин дуздии оддӣ нест, балки он даст халондан ба кисаи давлат, ба хазинаи ҷомеа ва рабудани ҳаққи ҳамсояву ҳамдеҳа аст. Бигузор, уламои дини мубини ислом шарҳ диҳанд, ки хӯроке, ки бо барқи дуздӣ тайёр карда мешавад, оё ҳалол аст? Ё ибодати мусулмоне, ки барои ба намоз омода шудан аз барқи дуздӣ истифода мебарад, қабул мегардад? Дар суннати миллати мо дуздӣ бадтарин гуноҳ аст. Ҳатто пеш аз ҷаноза мепурсанд, ки маит оё аз касе қарздор нест? Ва дуздони барқ низ дер ё зуд албатта ба ҷазо гирифтор мешаванд!”
Ин ҳама даъвои ширкати Барқи тоҷик дар ҳолест, ки тарзе низоми ситонидани маблағи ҳаққи истифодаи барқро роҳандозӣ кардааст, ки мардум наметавонанд, ҳатто як ҳафта бидуни пардохтани ҳаққи истифода, аз барқ истифода кунанд. Дарҳол кормандони ин ширкат омада, сими интиқоли қувваи барқро мебуранд.
Саволи матраҳ инаст, ки барқи мавҷудбуда ба қарзи мардум чи рабт дорад? Ба сабаби қарздории мардум ин барқ дар кадом анбор хазина мешавад, то инки баъди руёнидани он оҳиста — оҳиста аз хазина, халта-халта ба мардум фурӯхта шавад? Аз ҳалолу ҳаром вақте ширкат гап мезанад, магар то ин ҳад сода пиндоштан ва фиреби мардуму ҷамъият ҳалол аст? Ҳама ин солҳои бебарқӣ, ки маълум шуд, шумо барқро ба хориҷ мефурӯхтаед, сарвати мардумро фурӯхтан, нони даҳони мардумро кашида гирифта ба бегонагон додан магар ҳалол аст?
Маврид ба зикр аст, ки пештар Паём бо такя ба манобеаш хабар дода буд, аввалин агрегати Нерӯгоҳи барқии обии Роғун, ки ҳамагӣ чанд моҳ пеш ба кор даромада буд, ба садама дучор шуда аз кор мондаааст.