Шавкат Мирзиёев дар як иқдоми дигар Вазири иқтисоди Ӯзбекистонро аз мақомаш барканор кард.
Ба гузориши сомонаи “kommersant.uz”, раиси ҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Вазири иқтисоди ин кишвар Галина Саидоваро аз мақомаш барканор карда, ба ҷои вай Ботур Хоҷаевро таъйин намудааст.
Галина Саидова яке аз мансабдорони калидии замони ҳукмронии Ислом Каримов президенти собиқи Ӯзбекистон, маҳсуб мешуд. Вай аз соли 2000 ба ин тараф дар мансабҳои мухталиф аз ҷумла Вазири равобити иқтисоди хориҷӣ, сармоягузорӣ ва бозаргонии Ӯзбекистон кор карда буд.
Ҳамзамон бо тағйирот дар Вазорати иқтисоди Ӯзбекистон, Вазири равобити иқтисоди хориҷӣ, сармоягузорӣ ва бозаргонии ин кишвар Элёр Ғаниев низ аз вазифааш барканор шудааст.
Ин барканориҳо дар ҳолест, ки раиси ҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиеёв борҳо аз фаъолияти Вазорати иқтисоди кишвар интиқод карда буд.
Аммо коршиносон бар ин назаранд, ки иқдоми ахири Мирзиёевро метавон идомаи ислоҳоти кадрӣ дар сохторҳои ҳукумати Ӯзбекистон ҷиҳати “поксозӣ” – и ниҳодҳои ғӯтавар дар фасоди боқимонда аз даврони Ислом Каримов номид. Дар тақрибан беш аз як соли ахири оғози кораш, Мирзиёев дар аксари ниҳодҳои кишвараш аз ҷумла мақомоти додситонӣ низ, ислоҳот ворид намуд. Ҳамчунин беш аз 16 ҳазор нафарро аз руйхати “гумонбарон ба ифротагроӣ” хориҷ намуда, беш аз 16 фаъоли сиёсиро аз зиндон озод кард.
Ислоҳоти анҷомдодаи Ш.Мирзиёев то ҳол аз ҷониби кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун гоми мусбат арзёбӣ шуда, ба он баҳои баланд додаанд. Нозирони байналмилалӣ бар ин назаранд, ки эҷоди фазои бози сиёсӣ ва маънавӣ метавонад ин кишвари Осиёи Миёнаро аз бӯҳронҳое, ки дар чанд соли ахир гирифтори он буд, наҷот диҳад.
Вале оё ин ислоҳот метавонад идома ёбад ва ба кишварҳои ҳамсояи Ӯзбекистон аз ҷумла Тоҷикистон низ таъсири мусбати худро расонад? Ин сулоест, ки посухи онро дар моҳҳо ва солҳои оянда бояд мунтазир буд.