Рубрики Хабарҳо

БОР барои пайванди системаи барқии Тоҷикистону Ӯзбекситон $35млн кӯмак мекунад

Ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд созишнома дар бораи кӯмаки БОР ба ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 35 миллион долларро имзо карданд. Ин маблағ барои пайванд додани системаи барқии Тоҷикистон бо системаи ягонаи барқии Осиёи Марказӣ истифода хоҳад шуд.  

Ин созишнома 23 ноябр аз тарафи вазири савдо ва рушди иқтисоди Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозодва ва намояндаи доимии БОР дар Тоҷикистон Прадип Сривастава имзо шуд.

Ҳафтаи гузашта БОР ҷудо кардани $35 млн-ро, ки барои пайванди нави системаҳои энергетикии Тоҷикистону Ӯзбекистон масраф хоҳад шуд, тасдиқ кард. Тоҷикистон соли 2009 бо дастури раисҷумҳури вақти Ӯзбекистон Ислом Каримов аз системаи ягонаи барқии Осиёи Марказӣ бурида шуда буд.

Худи Тоҷикистон ҳам дар ин пружа дар ҳаҷми $5 млн саҳм хоҳад гирифт.

Баъди пайваст шудан ба системаи ягонаи барқии минтақа  Тоҷикистон аз рискҳои қатъи ногаҳонии барқ дар ҳолатҳои садама раҳо шуда, ҳамчунин имкони ештари содироти барқро пайдо хоҳад кард.  

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *