Рубрики Хабарҳо

Зиндонбони №1 ба кор бармегардад

Мансурҷон Умаров, муовини вазири адлия ва сардори Раёсати зиндонҳои Тоҷикистон гуфт, аз бемории  COVID-19 табобат ёфтааст ва ҳафтаи оянда ба кор бармегардад.

Ӯ аз миёнаҳои моҳи август то кунун дубор дар беморхона бистарӣ шуда буд. Сабаби бемориашро бархе илтиҳоби шуш ва бархеи дигар коронавирус меномиданд.

Мансурҷон Умаров рӯзи 27 сентябр дар суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфта, ташхисҳо нишон дод, ки ӯ гирифтори коронавирус будааст.

“Дар хона ҳастам ва худро беҳтар ҳис мекунам. Андаки дигар қувватам барақарор шавад, ба иҷрои масъулиятам бармегардам”,-гуфтааст ӯ.

Мансурҷон Умаров дар бемористони “Истиқлол”-и Душанбе ва беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдакона бистарӣ буд.

Дар моҳи майи соли равон Носир Умаров, бародари Мансурҷон Умаров, корманди ширкати «Барқи тоҷик» дар бемористони Зарафшони шаҳри Душанбе даргузашт. Яке аз наздикони ӯ рӯзи 5-уми май гуфта буд, Носир Умаров ба эҳтимоли зиёд аз коронавируси нав фавтидааст, чун ҷасадро ба пайвандон надоданд.

Мансурҷон Умаров соли 1967 дар ноҳияи Фархор тавуллуд шуда, хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) аст.

Замоне муфаттиш, корманди бозрасии назди раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) ва муовини сардори Раёсати КДАМ дар шаҳри Душанбе буд. Ҳудуди 10 сол раҳбарии раёсати амнияти раисҷумҳури Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Соли 2010 муовини аввали раиси КДАМ таъин шуд.

Мансурҷон Умаров дар пайи ошӯби хунин дар зиндони шаҳри Хуҷанд моҳи ноябри соли 2018 бо қарори ҳукумати Тоҷикистон ба ҷойи Иззатулло Шарифзода сардори Раёсати маҳбасҳо таъин шуд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *