Рубрики Хабарҳо

Юшдошев номзадиашро бозпас гирифт ва Мирзиёев иҷрокунандаи вазифаи раисҷумҳури Ӯзбакистон шуд

Қаблан аз парлумони Ӯзбакистон ба расонаҳо интихоб шудани Юлдошев ба симати иҷрокунандаи вазифаи раисҷумҳури Ӯзбакистон хабар дода буданд.

Аммо маълум шуд, баъдан Юлдошев номзадиашро бозпас гирифтааст ва Шавкат Мирзиёев, сарвазири ин кишвар иҷрокунандаи вазифаи раисҷумҳури Ӯзбакистон интихоб шудааст.

Бозпасхонии номзадиаш аз тарафи Юлдошевро коршиносон ба муборизаҳои пасипардагӣ барои дастёбӣ ба мансаби рақами аввали Ӯзбакистон медонанд.

Давоми се моҳи оянда бояд интихоботи раисҷумҳури Ӯзбакистон баргузор хоҳад шуд, ки коршиносон мубориза байни ду номзади асосӣ — Шавкат Мирзиёев ва Рустам Азимов, вазири молияи ин кишварро ҳадс мезананд.

Гуфта мешавад шонси Мирзиёев бештар буд ва бо расидан ба мансаби иҷрокунандаи вазифаи раисҷумҳур, шонси пирӯзиаш ба маротиб афзудааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *