Рубрики Хабарҳо

“Сурия наравем куҷо равем?” Ё чаро тоҷикон ба Сурия мераванд (навор ва садо)

“Боз мегӯянд тоҷикон ба Сурия мераванд. О, баъд Сурия нараванд, куҷо бираванд? Ҳамин ҳам ҳол аст? Ҷонам дар гулӯям омадаст, маҷбурам ба Сурия равам…”

Дирӯз дар интернет наворе пахш шудааст, ки зоҳиран дар яке аз боздоштгоҳҳои пулиси Русия наворбардорӣ шудааст. Дар он чанд ҷавони аз хунукӣ бахудпечида дида мешаванд, ки дар сандалии оҳанӣ ва замини бетонӣ нишаста ва ё дароз кашидаанд. Яке аз ин ҷавонон, ки рост истодааст ба мақомоти Тоҷикистон ва сафоратхонаи он муроҷиат мекунад, ки онҳоро наҷот диҳанд.

“Илтимос мегӯям, ба мо ёрӣ расонед. Валлоҳ, биллоҳ, фарзанди шумо дар ҳаминҷо бошад, шумо худатонро чӣ хел ҳис мекунед? Мо ҳам мусулмонем.. Мо ҳам ҳаминҷо кор омадем, чӣ кор кунем” — мегӯяд ин ҷавон, ки дар даст чанд варақ дорад.

“Боз мегӯянд тоҷикон ба Сурия мераванд. О, баъд Сурия нараванд, куҷо бираванд? Ҳамин ҳам ҳол аст? Ҷонам дар гулӯям омадаст, маҷбурам ба Сурия равам. Ё ягон ҷои дигар равам. Чӣ кор кунам?.. Аз ҷонам сер шудам, ба Худо қасам. Чӣ кор кунам?” — идома медиҳад ӯ.

Ин ҷавон мегӯяд аз Тоҷикистон хонаводааш занг мезананду пул мепурсанд, вале ӯ ҷои кор надорад. “Ҳар вақте хона занг мезанам, пул мегӯянд. Намедонам чӣ кор кунам. Нест дар Тоҷикистон ягон зиндагӣ ки бихӯранд”.

“Хондагиям, диплом дорам, хизмати ватан кардагиям, лекин дар ягонҷо ба кор намегирандам. Маҷбурем Сурия равем, маҷбурем ягонҷо равем худамонро бикушем, ки набинем ҳамин ҳаёти дурӯзаро” — мегӯяд ин ҷавони тоҷик.

Ӯ мегӯяд тоҷикон асосан бинобар гирифтор шуданашон дар сахтиҳо аз ҷонашон сер мешаванд ва ба кишварҳои ҷагзада мераванд: “Тоҷикон дар ана ҳамин хелӣ ҷойҳо меоянд, аз ҷонашон сер мешаванд ва Сурия мераванд. Чӣ кор кунанд дигар?” — мепурсад ӯ.

Ҷавон мегӯяд сахт гурусна аст ва аз гуруснагӣ хобаш намебарад: “Валлоҳ, биллоҳ мегӯм, аз хунукӣ мемурӣ дар ҳаминҷа. Бетон аст, пойҳоямро сӯхта гирифтааст. Як шабонарӯз шуд хоб нарафтам, гуруснаам. Мегӯянд, моргазидаро хоб мебарад, гушнаро не, рост мегӯянд. Гушнаву ташна шиштем ҳаминҷа, чӣ кор кунем?”

Каримҷон Ёров, роҳбари созмони “ЭТМОС” мегӯяд, итминони комил дорад, ки яке аз сабабҳои пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва рафтан ба сӯи кишварҳои ҷангзада, иҷтимоӣ аст. “Гоҳе шаш моҳ кор мекунанд ва маблағи корашон пардохт намешавад. Бегуноҳ ба зиндон андохта мешаванд, ба Тоҷикистон ихроҷ мешаванд. Гоҳе кушта мешаванд. На дар Тоҷикистон ва на дар Русия кор карда наметавонанд. Ҳуқуқҳояшон дар ҳарду кишвар поймол мешавад”- гуфт ӯ.

“Вақте адолатро намебинанд ва ҳуқуқҳояшон поймол мешавад, ба ҳар роҳ мераванд… Албатта мағзшӯӣ ҳаст, вале гурӯҳҳои ифротӣ дар мағзшӯӣ ҳам ҳамин вазъи иҷтимоияшонро истифода мекунанд” — мегӯяд Каримҷон.

Каримҷон Ёров мутмаин аст, ки дар сурати ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирон ва ҳимояи онҳо, сафи хоҳишмандони пайвастан ба гурӯҳҳои ифротӣ ба суръат кам хоҳад шуд.

Посухи пурраи раҳбари созмони ЭТМОС-ро инҷо бишнавед:   

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *