Рубрики Хабарҳо

Вазири кишоварзии Укроин: Русия ба зерсохтҳои нигаҳдории ғаллаи содиротӣ дар Одесса ҳамла кард

Ба думболи хурӯҷи Русия аз қарордоди содироти ғаллаи Укроин аз баҳри Сиёҳ, вазири кишоварзии Укроин аз ҳамалоти Русия ба зерсохтҳои нигаҳдории ғаллаи содиротӣ дар бандари Одесса хабар дод. 

Микола Солеский гуфта, ки дар ин ҳамалот Русия, 60 ҳазор тонн ғалла аз байн рафтааст. 

Русияи рӯзи душанбе 17 июл аз қарордоде, ки убури амни ғаллаи Укроин аз тариқи баҳри Сиёҳро тазмин мекард, хориҷ шуд. 

Ин қарордод як сол пеш миёни Русия ва Укроин бо миёнҷигарии Туркия ва Созмони милал ба даст омад. Тибқи ин тавофуқ, қарор шуд барои коҳиши буҳрони камбуди маводи ғизоӣ дар ҷаҳон, содироти ғаллаи Укроин аз тариқи баҳри Сиёҳ аз сар гирифта шавад. 

Бо идомаи ҷанг дар Укроин ва муқобилияти Русия бо кишварҳои ғарбӣ, Маскав борҳо таҳдид карда буд, ки аз ин қарордод хориҷ мешавад. 

Бар пояи гузоришҳо, ҳоло Русия на танҳо аз ин қарордод берун шуда, балки маҳалли нигаҳдории ғаллаи содиротии Укроинро дар бандаргоҳи Одесса ҳадафи ҳамлаи низомӣ қарор додааст. 

Қарор буд ин ғалла 60 рӯз пеш аз тариқи баҳри Сиёҳ боргирӣ ва ба кишварҳои дигар ирсол шавад. 

Вазири кишоварзии Укроин гуфта, ки ин як ҳамлаи амдӣ ба марокизи нигаҳдории ғалла ва зерсохтҳои бандарӣ будааст. 

Кишварҳои аврупоӣ борҳо аз Русия ба далели интихоби сиёсати “гаравгонгирии ғизоӣ” ва масдуд кардани шоҳроҳи интиқоли ғалла ва дигар маводи ғизоӣ интиқод кардаанд. 

Укроин аз таъминкунандагони умдаи маводи ғизоӣ дар ҷаҳон аст. 

Дар солҳои гузашта, ин кишвар саҳми умдае дар содироти ҷаҳонии равғани офтобпараст, ҷаворӣ, ҷав ва гандум доштааст. 

Бахши умдаи содироти ғизоии Укроин аз тариқи баҳри Сиёҳ ба кишварҳои фақиру камдаромад фиристода мешавад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *