Рубрики Хабарҳо

Садои баланди қирғиз аз хиёнатҳои ҳукумати Тоҷикистон маншаъ мегирад

Тибқи иттилоъи манобеъи Паём дар деҳаи Сомониёни ҷамоъати Чоркӯҳ ҳудуди 20 хона пурра ё қисман аз ҷониби низомиёни қирғиз сӯзонида шудаанд. Сокинони ин хонаҳо дар манзили хешовандон ва ё ҳамсоягонашон паноҳ бурдаанд. Бо гузашти 1 ҳафта аз бехонумон шуданашон, ҳеҷ ниҳоди давлатие аз ҳоли онҳо хабар нагирифтааст ва камтарин кӯмаке барояшон ироа нагардидааст.

Беш аз сад нафар комилан бехона мондаанд, ҳудуди 300 нафар аз оташи тӯпхонаҳои қирғиз дар рӯзи аввали ҷанг фирор карда, дар Чоркӯҳ, Исфара ва ҳатто Конибодому Хуҷанд паноҳ бурдаанд. Ҳеҷ кадом аз онҳо на танҳо кӯмак, таслияте аз мақомоти давлатӣ дарёфт накардааст.

Онҳое ҳам, ки наздиконашонро дар ҷанги дурӯза аз даст додаанд, танҳо чанд нафар аз мақомоти маҳаллӣ ва бархе вилоятиро дидаанд, ки ба таъзияи онҳо омада чанд кило равғану орд оварда буданд. Ҳатто ваъдаи пардохти ҷуброни маънавӣ ба хонаводаи шаҳидон садо надодааст.

Ду рӯз қабл дар маҳаллаҳо эълон карданд, ки эҳтимоли ҳамлаи дубораи қирғизҳо вуҷуд дорад ва бояд занону кӯдакону пиронсолон ба ҷои амн кӯчонида шаванд. Аммо ҳеҷ ниҳоди давлатие дастбакор нашуда, ба мардум амр шудааст, ки интиқоли занону кӯдаконро мустақилона ва ба хонаҳои хешовнадони худ дар манотиқи дигар анҷом диҳанд.

Хонаҳои холимондаи сокинони маҳаллаҳои наздимарзӣ аз тарафи ҳеҷ касе ҳимоят намешавад ва имкони ворид шудани зарар ба онҳо аз ҷониби қирғизҳо хеле зиёд аст. 

То ҳол дар бораи ҷудо шудани қадом маблағе аз буҷа барои ҷуброни зарари сокинони наздимарзӣ иттилоъе нашр нашудааст.

***

Шокир (ном иваз шудааст), сокини ҷамоъати Чоркӯҳ дар як задухӯрди байни трҷикону қирғизҳо, ки соли 2013 баъди сӯзонида шудани хонаи ду сокини маҳаллаи Сомониён иттифоқ афтод, ширкат мекунад. Дар он задухӯрд тоҷикон қирғизҳоро маҷбур ба тарки ду деҳаи ишғолшудаи наздимарзӣ мекунанд. Ҳамчунин ба ивази ду хонаи сӯхташуда дар деҳаи Сомониён, ду хона дар Оқ-Сойро оташ мезананд.

Баъди ду ҳафтаи ин ҳодиса Шокир ба додситонии ноҳия даъват мешавад ва гуноҳи сӯзонидани ду хонаи қирғизҳоро ба дӯшаш мегузоранд, ҳарчанд мегӯяд ҳатто замони сӯхтани хонаҳо дар ҷои ҳодиса набудааст. Баъди радубадалҳои зиёд бо муфаттиш, розӣ мешавад бо додани 2000 доллар ришва аз пардохти ҷуброни зарари қирғизе, ки хонааш сӯхта буд, халос шавад. Баъди гирифтани пул муфаттиш аз ӯ рӯйхати онҳоеро, ки дар задухӯрд ширкат доштанд талаб мекунад. Барои он ки хиёнат ба дӯстонаш накунад, аз кишвар фирор менамояд ва то соли 2016 дар Русия ба сар мебарад.

Дертар маълум мегардад, ки ҳамин иттиҳом ба аксари ширкаткунандагони он задухӯрд зада шуда, аз 1000 то 5000 доллар аз ҳар кадом ришва ситонида шудааст. Ду нафаре, ки аз додани ришва худдорӣ мекунанд, бо иттиҳомоти сохта ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. 

Дар низоъи сарҳадие, ки баҳори соли гузашта рух дод, Шокир дар Чоркӯҳ қарор дошт. Мегӯяд “ҳамагӣ чанд соат тавонистам сабр кунам. Дигар виҷдонам иҷоза надод ва ба сафи ихтиёриён пайвастам. То 5-километрии Ботканд рафта будем.”

Аммо баъди як моҳи он задухӯрд раиси маҳалла ба Шокир мерасонад, ки бояд ба додситонӣ биравад. Фардояш Тоҷикистонро тарк мекунад ва то ҳанӯз барнагаштааст.  

***

Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров ва Аскар Юнусовро, ки соли гузашта баъди задӯхӯрдҳо қирғизҳо аз хонаҳояшон асир гирифта буданд, додгоҳи Қирғизистон ба солҳои тӯлонӣ зиндонӣ кард. Моҳи июн ба ивази чанд зиндонии қирғиз, ки дар Тоҷикистон қарор доштанд, Бишкек онҳоро ба Душанбе таслим кард. 

Нафарони комилан бегуноҳ, ки зӯран аз ҷониби сарбозони ҷинояткори кишвари ғосиб боздошт шуда буданд, се моҳ дар боздоштгоҳи Хуҷанд нигоҳдорӣ шуда, чанд рӯз қабл ба зиндони ноҳияи Ёвон интиқол дода шуданд. 

Иттиҳоме, ки муфаттишон қирғиз ба онҳо задаанд ин буда, ки дар телефони яке акси якҷояашро бо сарбозони тоҷик ёфтанд. Ҳамин акс кофӣ буд ӯро ба ҷанг алайҳи Қирғизистон муттаҳам карда, ба 12 соли зиндон маҳкум кунанд. 

Дигариро ба ғоратгарӣ дар айни ҷанг гунаҳкор донистанд. Иттиҳоме, ки ба гуфтаи наздиконаш камтарин далеле надоштааст. 

***

Дар ҳамин ҳол мақомоти қирғиз 150 000 нафреро, ки аз деҳоти наздимарзӣ ба маконҳои амн интиқол додаанд, бо ҷойи хоб, хӯроку либоси гарм таъмин кардаанд. Ҳамчунин барои ҳар оилаи интиқолдодашуда аз ҷониби давлат зарари маънавӣ пардохт карда мешавад.

Мақомоти қирғиз ба ҳамаи зарардидагони ҷанг дидору вохӯриҳо гузаронда, сар аз раисҷумҳуру раиси Маҷлис то мақомоти маҳаллӣ ба онҳо ваъдаи азнавсозии хонаҳоеро, ки дар ҷанги дурӯза сӯхта ё вайрон шудаанд, додаанд. Ба ваъдаи онҳо мешавад бовар кард, чун қаблан ҳамаи хонаҳои зарардидаро барқарор карданд. Онҳое, ки наздиконашонро аз даст додаанд, ду рӯз қабл ба гирифтани ҷуброни маънавӣ шурӯъ карда буданд.  

Ҳар хонаи холишудаи деҳаҳои наздимарзии қирғиз аз ҷониби ҳади ақал се сарбоз муҳофизат мешавад. 

Аз буҷаи Қирғизистон барои бозсозии зарарҳои дар низоъи марзӣ расида, 210 миллион сом ҷудо шудааст.

***

Ҳамаи онҳое, ки дар задухӯрдҳо алайҳи тоҷикон ширкат кардаанд, новобаста аз он ки чи ҷинояте содир намудаанд — ҳатто куштор, қаҳрамон медонанд. То ҳол ягон нафар дар Қирғизистон бинобар ҷиноятҳои анҷомдодааш дар хоки Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст. 

***

Сарбозон ва шаҳрвандони қирғиз, ки бинобар ширкат дар ҷанг бо Тоҷикистон ё убури ғайриқонунии марз аз ҷониби низомиёни тоҷик боздошта шудаву баъдан аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон ба Қирғизистон таслим мешаванд, бо тантанаву шиорпартоӣ пешвоз гирифта шуда, билофосила озод мешаванд.

Рӯзи 19 сентябр чаҳор сарбози қирғиз, ки баъди ҳамла ба хоки Тоҷикистон асир афтода буданд, ба мақомоти Қирғизистон супорида шуданд. Вазорати корҳои дохила эълон кард, ки ин тасмим “аз рӯи принсипи башардӯстона, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамсоягии нек ба ҷониби Қирғизистон” гирифта шудааст.

Ҳеҷ тафтише нисбати ин 4 сарбоз гузаронида нашуд, дар ҳоле, ки имкон дошт ҳар кадоми онҳо дар қатл ё захмӣ кардани шаҳрвандони Тоҷикистон ва ё сӯзонидани хонаҳои мардуми маҳаллӣ даст дошта бошанд. 

Тибқи иттилоъи мақомоти қирғиз яке аз сарбозон захмӣ буда, дар беморхона қарор дорад, аммо се нафари дигар дар бемористон муоина шуда ба хонаҳояшон (на қисми ҳарбӣ) фиристода шудаанд.

***

Тибқи иттилоъи манобеъ Паём ҳукуматти Тоҷикистон ба ҳамаи мақомоти маҳаллӣ, комиссариатҳои ҳарбӣ, имомони масоҷид ва ҳатто дар бархе манотиқ ба муаллимони мактаб супориш додааст “дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ дар бораи ватандӯстӣ ва ҳимояи марзу буми ватан” гузаронанд. 

***

“Фермаи ҷавоб” ва дигар бахшҳои таблиғотии режими Раҳмон ҳамаи онҳоеро, ки камтарин эътирозе ба таблиғоти аҳмақонаи ҳукумат менамояд, хоин эълон мекунанд. Танқиди ҳукумат ва мақомотро ҳам онҳо чун хиёнат талаққӣ мекунанд, чун ба гуфтаашон дар ин айёми хатари беруна ҳама бояд муттаҳид бошанду аз якдигар интиқод накунанд.

Аммо вақте раисҷумҳуру хонаводааш, вазирони қудратӣ, кулли ҳукумат на танҳо дар сӯрохҳо пинҳон шудаанду муборизаро ба мардуми оддӣ гузоштаанд, балки ба манофеъи кишвар хиёнат карда ба нафъи қирғиз кор мекунанд, чи гуна мешавад интиқод накард?

Агар касе дар ин ҷанг ба Тоҷикистон хиёнат кардааст, пеш аз ҳама Эмомалӣ Раҳмону писараш Рустами Эмомалӣ кардаанд. Сипас духтараш Озодаву вазири дифоъ Шералӣ Мирзову, вазири дохила Рамазон Раҳим. Хиёнаткор аз гурӯҳи дуввум, ки номаш махсус бояд қайд шавад, Саймумин Ятимов, раҳбари КДАМ аст, ки нерӯҳои марзбонӣ ҳам зери назораташ мебошад. Ҳар дафъа ин мӯйсафед дар гуфтушунид бо табассумҳои мулоимхунукона ба чанд манфиъати Тоҷикистон хиёнат мекунад. 

Ин дуздҳои сарвату боигарӣ ва манофеъи миллат аз забонкӯтаҳие, ки пеши мақомоти кишвари ҳамсоя доранд, ҳамеша барои ҳифзи манофеъи шахсиашон ба манофеъи миллӣ хиёнат мекунанд. Забони дарози қирғиз аз забонкӯтаҳии инҳо пеши онҳост.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *