Рубрики Хабарҳо

Боз ду ширкати чинӣ аз пардохти боҷу андоз озод шуданд. Манфиати иқтисодӣ ё фасод дар сатҳи боло?

Маҷлиси намояндагон боз ду ширкати чиниро аз пардохти аз пардохти ААИ ва боҷи гумрукӣ озод кард. Ширкатҳои “Ҷунтай Хатлон Син Силу” ва “Водии зарин” аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ дар воридоти таҷҳизот барои пойгоҳҳои обкашӣ озод шуданд. 

Ин тарҳро дар парлумон ноиби вазири молия Абдураҳмон Алимзод муаррифӣ кард ва қайд намуд, ки ин ду ширкат дар воридоти таҷҳизот барои пойгоҳҳои обкашӣ, қисмҳои эфтиётӣ ва қубурҳои обтақсимкунӣ аз пардохти ААИ ва боҷи гумрукӣ озод хоҳанд шуд. 

Ширкатҳои “Ҷунтай Хатлон Син Силу” ва “Водии зарин” дар вилояти Хатлон, аз ҷумла ноҳияи Ҷайҳун ҳудуди 13 ҳазор ҳектор заминро барои пахтакорӣ иҷора гирифтаанд. Намояндагони ин ширкатҳо гуфтаанд, ки барои 32 пойгоҳи обкашӣ таҷҳизот ворид ва насб шудааст. Интизор меравад барои 5 пойгоҳи обкашии дигар таҷҳизот ворид карда шавад. 

Бори аввал нест, ки ширкатҳои чинӣ аз пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд. Коршиносон дар ин кор фасодро мебинанд ва мегӯянд аз нигоҳи иқтисодӣ ниёзе ба озод кардани ширкатҳои чинӣ аз андозу боҷ нест.

“Ин ду ширкат заминҳоро ба иҷора гирифтаанд. Ин ба он маъност, ки онҳо танҳо маблағи иҷораро мепардозанд ва тамоми суди мегирифтаашон аз ин заминҳо ба худашон таъаллуқ мегирад. Озод кардани онҳо барои таҷҳизоте, ки танҳо ба худашон нафъ меорад ва ҷониби Тоҷикистон як дирам ҳам аз онҳо фоида намегирад, фасоди ошкоро аст” – гуфт коршиносе, ки нахост номаш зикр шавад.

Ӯ ҳамчунин гуфт ин ду ширкат бо аъзои оилаи раисҷумҳур ҳамкорӣ мекунанд. “Дарки ин ки чаро ин ширкатҳоро аз боҷу андоз озод мекунанд, чандон мушкил нест. Ин ширкатҳо ба яке аз фарзандон ё домодҳои Эмомалӣ Раҳмон қисме аз маблағи андоз ва боҷро мепардозад, дар навбати худ ин узви Оила тавассути сардори он ба парлумон фишор меорад, ки чунин қароре ба тасвиб расад”.  

Заминҳо дар чаҳор ноҳияи вилояти Хатлон – Дӯстӣ, Носири Хусрав, Шаҳритӯс ва Қубодиён ба ин ду ширкати чинӣ соли 2015 ба муддати 49 сол ба иҷора дода шуданд. Коршиносони кишоварзӣ мегӯянд 49 сол истифода шудани замин барои кишти пахта ва истифодаи нуриҳои чинӣ онро пурра корношоям мекунад ва дигар имкони кишт дар он заминҳо боқӣ намемонад. Дар худи Чин миллионҳо ҳектор замин ҳамин тавр корношоям шудаанд. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *