Раиси ноҳияи Рашт ва раиси дастгоҳи ҳукумати ин ноҳия аз ҷониби маъмурони Оҷонси зидди фасод дар Тоҷикистон боздошт шудаанд. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар дода, менависад Раҳимҷон Набизода (Муқимӣ) ва Холмуҳаммад Ортиқов ба “тақсими ғайриқонунии замин” ва “гирифтани ришва” гумонзад ҳастанд. Боздошти онҳо нисфирӯзии 22-юми январ сурат гирифтааст.
Ин радио бо истинод ба «як манбаи боварбахш» дар Оҷонси мубориза бо фасод иттилоъ додааст, раиси ноҳия ва раҳбари дастгоҳи ҳукумати Рашт “дар ҷойи кор ва дар ҳузури шоҳидон” боздошт шудаанд.
“Шикоят расид, ки раиси ноҳия замин фурӯхта, дар маркази ноҳия чанд ҷойро ғайриқонунӣ ба соҳибкорон додааст. Далели тақсими ғайриқонунии замин тасдиқ шуда буд, вале раисро ҳангоми гирифтани беш аз 10 ҳазор доллар боздошт карданд. Ришваро раҳбари дастгоҳ гирифта, ҳангоми ба раиси ноҳия додан дастгир шудааст,” — афзудааст манбаъ.
Хабари боздошти раиси ноҳияи Рашт ва як зердасташро Саъдулло Худоёров, як фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ аз ноҳияи Рашт, рӯзи 23-юми январ дар Фейсбук гузошт.
Масъулони Оҷонси зиддифасод, ҳукумати ноҳияи Рашт ва идораҳои дигари давлатии Тоҷикистон хабарро тасдиқ ё рад накардаанд.
Дар ҳамин ҳол, як манбаи дигари Радиои Озодӣ дар минтақа иддао кардааст, ки Раҳимҷон Набизода (Муқимӣ) ба сабаби масунияташ ҳамчун узви Маҷлиси Миллӣ раҳо шуда, нисбат ба раиси дастгоҳ ба гумони “қаллобӣ” парванда кушодаанд. “Дар ҳоли ҳозир раиси дастгоҳи ҳукумати Рашт дар боздошт аст ва санҷиш нисбат ба ӯ идома дорад.”
Маъмурони Оҷонси зидди коррупсия дар Тоҷикистонаълум нест, раиси ноҳияи Рашт ва зердасташ дар боздошт ҳастанд ё яке аз онҳо.
Раҳимҷон Набизода (Муқимӣ) 61-сола аст. Дар гузашта сардори Идораи молия ва муовини аввали раиси ҳукумати Рашт буд. Аз соли 2019 раёсати ҳукумати ноҳияро ба дӯш дорад.
Холмаҳмад Ортиқов 64-сола аст. Аз соли 2017 дар мансаби раиси дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Рашт кор мекунад. Дар гузашта мудири маорифи минтақа буд.
Дар гузашта рӯйдодҳои ҳамсон дар баъзе аз ноҳияҳои дигар рӯй додаанд, аммо боздоштшудаҳо баъдан озод гашта, мавзӯи парванда аз фасоду ришва ба сӯистифода аз мансаб тағйир ёфтааст. Дар баъзе аз мавридҳо танҳо зердастон ҷазо дидаанд.
Соли 2020 Баҳром Иноятзода, шаҳрдори собиқи Кӯлоб ба иттиҳоми фасодкорӣ боздошт ва ба 12 сол зиндон маҳкум шуд. Худи ӯ ва пайвандонаш иттиҳомро рад карданд.
Маъмурони Оҷонси зидди фасодро дар Тоҷикистон ҳамвора барои дастгир накардани мансабдорони баланпоя танқид мекунанд. Ин ниҳод бештар дар бораи боздошти омӯзгорону пизишкон ва кормандони зинаҳои поини вазорату кумитаҳои давлатӣ гузориш медиҳад.