Рубрики Хабарҳо

Сайёҳон ҳам ба “корҳои ободонӣ” шурӯъ карданд

Ду сайёҳи хориҷӣ, яке аз Швейтсария ва дигаре аз Олмон баъди шиносоӣ бо ҳаёти сокинони деҳаи Басиди водии Бартанги ноҳияи Рӯшон беморхонаи ин деҳаро таъмир ва бо таҷҳизоти муосир таъмин намудаанд

Сайёҳ аз Швейтсария Томас Копон дар суҳбат бо “Ховар” гуфтааст, ки бори аввал соли 2016 ба ин водӣ сафар кардааст.

Колон афзудааст, “Он замон зуд бо сокинони маҳаллӣ шинос шуда, ҳатто дар чанд маъракаи хурсандии онҳо ширкат кардам. Ҳоло хурду калони деҳа маро мешиносанд. Инҳо мардуми хеле одӣ, самимӣ ва меҳрубону меҳмоннавоз мебошанд”.

Ба гуфти Колон, дар ҳамин ҷо бо сайёҳи дигар аз Олмон, Гизела Бондис шинос шуда, ҳарду ба ин қарор омадаанд, ки аз худ дар ин деҳаи дурафтода ёдгорие боқӣ бимонанд.

“Гизела таклиф кард, ки беморхонаи деҳаро таъмир кунем. Ман ҳам розӣ шудам”, – иттилоъ гардишгари швейтсариягӣ.

Ин дар ҳолест, ки масофа байни деҳаи Басиди водии Бартанг ва маркази ноҳияи Рӯшон 80 километр буда, дар фасли зимистон бар асари боронгариҳо сокинон наметавонистанд сари вақт беморони вазнинро ба маркази ноҳия интиқол диҳанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *