Раҷабалӣ Қурбонов, директори Маркази стаматологии вилояти Хатлон афзуд, ки шуъбаи мавриди назар 10 кат, 5 кат барои кӯдакон ва 5 кат барои калонсолон мебошад. Ӯ мегӯяд, шуъба бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз буда, иборат аз ҳуҷраи ҷарроҳӣ, бистарӣ ва ҳуҷраи эҳё мебошад.
Аз Раёсати Тандурустӣ дар вилояти Хатлон ба Pressa.tj гуфтанд, ки чунин бахш то имрӯз, дар назди шуъбаи ҷарроҳии асаби Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидов фаъолият мекард ва дар Маркази стаматологӣ чунин шуъба вуҷуд надошт.
Шуъбаи дорои буда ҳама шароити зарури барои беморон фароҳам оварда шудааст.
Раҷабалӣ Қурбонов таъкид кард, ки мутахассисони ҷавон бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат дар Руссия ва Гурҷистон вобаста ба ҷарроҳии ҷоғу руй таҷриба омӯхтаанд.
“Мутахассисони мо ҷарроҳии ҷоғу рӯй аз ҷумла хейлоринопластика, уранопластика, ҷарроҳии гирифтани омосҳо,ҷароҳпластикию эстетикии рӯй ва ҷоғҳо, кушодани абсесҳо, флегментҳои қисми ҷоғу рӯй, пластикаи устухонҳо ва остеосинтезҳои баъди шикастани устухонҳо гузаронида метавонанд. То ин дам аксари беморон барои гузаронидани чунин ҷарроҳиҳо ба шаҳри Душанбе фиристода мешуданд.
Бинои Маркази стаматологии вилояти Хатлон ҳам дорои шароити хуб буда, соли 2021 бо иштироки Роҳбари давлат ифтитоҳ гардида буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube