Рубрики Хабарҳо

Фармондеҳи Сипоҳи посдорони Эрон коруноро силоҳи биологии ИМА номид

Бо иттилоъи ИСНА фармондеҳи Сипоҳи посдорони исломии Эрон Ҳусейн Саломӣ гуфтааст Вируси короно метавонад яроқи биологии Амрико бошад.

Саломӣ изҳор доштааст “Мо алъон дар рӯбарӯи вирусе қарор дорем, ки Амрико чун яроқи биологӣ онро нахуст дар Чин ва сипас дар Эрону чанд кишвари дигар  паҳн кардааст”.

Саломӣ мегӯяд, агар дар паҳншавии ин маризӣ дасти Амрико олуда аст, пас шаҳрвандони ин кишварро низ хатар думболагир мешавад.

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл раисҷумҳури Эрон Ҳасани Руҳонӣ иттилоъ дод, ки маризии сироятии коронавирус қариб тамоми манотиқҳои ин кишварро фаро гирифтааст.

Дар Эрон алъон 3,5 ҳазор дардманди маризии сироятии коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Зимнан 105 нафар аз мубталоёни ин беморӣ ҷон бохтанд

Бар тибқи охирин маълумот, маризии коронавирус то 5 – уми марти соли равон шаҳрвандони 76 кишвари ҷаҳонро сироят намудаст.Беш аз 95, 1  ҳазор нафар дар ҷаҳон дардманди ин беморӣ гаштанд. Зимнан, ҳудуди 3,2 ҳазор нафар бар асари мублатошавӣ қурбон шуданд.

Аз лиҳози шумори бештари мубталоёни ин маризӣ, Чину Эрон ва Италия ҳамоно пешсаф ҳастанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *